Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди эронӣ барои сар буридани духтараш 9 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Эрон
Додгоҳе дар Эрон

Як марди эронӣ барои сар буридани духтари 14-солаи худ ба нӯҳ соли зиндон маҳкум шуд.

Ин "қатли номусӣ" хашми мардумро дар саросари Эрон барангехтааст. Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, мардро рӯзи 28-уми август ба зиндон маҳкум карданд. Модари духтар хостори содир шудани ҳукми қатл ба ӯ будааст.

Пас аз он ки падари Румина иҷоза надод, бо марди понздаҳ сол калонтар аз худаш издивоҷ кунад, ӯ аз хона фирор кард. Баъдан мақомот духтарро боздошт кардаву ба оилааш супурданд.

Румина рӯзи 21-уми май ҳангоми хоб дар хонаашон сар бурида шуд.

XS
SM
MD
LG