Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп демократҳову Байденро “таҳдид ба ормонҳои амрикоӣ” номид


Доналд Трамп талош дорад бори дуюм президенти ИМА шавад
Доналд Трамп талош дорад бори дуюм президенти ИМА шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп дар лаҳзаҳое, ки пешбарии номзадиаш ба даври дуюми интихоботи президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ҷараён дошт, демократҳову Ҷо Байден – рақиби интихоботиашро “чапгароҳои тундрав” ва “таҳдид ба ормонҳои амрикоӣ” номид. Трамп, ки шоми 27 август дар беруни Кохи Сафед дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ сӯҳбат мекард, гуфт, ки Байден, агар интихоб шуд, “бузургии Амрикоро нобуд мекунад”. Трамп гуфт, ки давоми чор соли охир маъмурияти президент бо поккории харобкориҳое, ки Байден роҳ дод, машғул буд. Дар робита бо мушкилоти нажодпарастиву коронавирус, ки ду мушкили ҷиддии Амрико мебошад, Трамп гуфт, ки Байден ба ҳалли мушкилоти нажодпарастӣ қодир нест.

Байден дар навбати худ дар Твиттер Трампро дар он муттаҳам кард, ки дар давраи раҳбарии ӯ хушунат роҳ дошт.

XS
SM
MD
LG