Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҷавон дар Душанбе барои беэҳтиромӣ ба модараш муҷозот шуд


Аҳмад Қараев. Акс аз вебсайти пулиси Душанбе.
Аҳмад Қараев. Акс аз вебсайти пулиси Душанбе.

Як сокини шаҳри Душанберо барои беэҳтиромӣ нисбати модар ҷазо доданд. Аҳмад Қараеви 35-сола бо қарори додгоҳ 10 рӯз ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба иттилои Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе ин сокини пойтахт дар ҳолати мастӣ бо модараш муноқиша намуда, ӯро дар ҳузури ҳамсоҳо мавриди дашному ҳақорат қарор додааст.

Пулиси шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳодиса дар сомонаи расмии худ хабар дода гуфтааст, ҷавон бо ин амали худ шабонгаҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, "шаъну шарафи модарро дар назди атрофиён паст задааст".

Ба иттилои мақомот, нисбати Қараев Аҳмад парвандаи маъмурӣ бо моддаи 460 (майдаавбошӣ) боз шуда, бо қарори додгоҳ ӯро ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд. Назару мавқеи худи ҷавон маълум нест.

Пулиси шаҳри Душанбе менависад "нисбати афроде, ки ба волидайни худ беэҳтиромӣ зоҳир намуда онҳоро мавриди озор қарор медиҳанд, тибқи қонунгузорӣ ҷазо пешбинӣ шудааст".

Ин бори аввал нест, ки аз муҷозот барои беэҳтиромӣ ва азияти модар хабар дода мешавад.

XS
SM
MD
LG