Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба созмонҳои миллии футбол, ки дастаҳояшон дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) ширкат меварзанд, иттилоъ дод, ки ба соли оянда мавқуф гузоштани мусобиқоти қитъавиро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола мебоист аз 25-уми ноябр то 12-уми декабр дар Баҳрайн баргузор мешуд. Тибқи натиҷаҳои қуръакашии қаҳрамонии Осиё мунтахаби наврасони Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Умон, Яман ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба гурӯҳи "В" шомил аст.
Конфедератсияи футболи Осиё, инчунин масъалаи ба соли оянда мавқуф гузоштани қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)-ро, ки бояд 14-31-уми октябри имсол дар Узбекистон баргузор мешуд, баррасӣ мекунад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар рақобат хоҳад кард.
Қарорҳо дар бораи мавқуф гузоштани қаҳрамонии Осиё миёни наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-сола бояд дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC, ки моҳи сентябр баргузор мешавад, ба тасвиб расад.
Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19), ки 25-уми август дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шуруъ шуд, то рӯзи 8-уми сентябр идома хоҳад кард. Дар доираи ин ҷамъомад баргузории ду бозии дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) ба нақша гирифта шудааст.
Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ба ҷамъомад 23 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Бозигарони дастаи «Локомотив-Помир» – дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров - ба мунтахаби ҷавонони кишвар баъди бозии дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад, мепайванданд.
Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир мегардад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Исмоилҷон Алимардонов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Умедҷон Холиқов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.