Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармураббии "Истиқлол" аз ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима шуд


Виталий Левченко, сармураббии дастаи "Истиқлол".

Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Виталий Левченкоро аз ду бозии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Левченко "барои вайрон кардани моддаи 6, банди 1-и Кодекси ахлоқи ФФТ, ки дар рафтори ғайриахлоқӣ, нодуруст ва ғайриварзишӣ дар бозии қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ "Истаравшан" - "Истиқлол" (24-уми август) ифода ёфтааст, аз ду бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд".

Дар хабари дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷузъиёти ин рафтори Левченко шарҳ дода нашудааст, аммо дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ӯ дар ҷараёни бозӣ ба тарафи муқобил ишораи таҳқиромез кардааст.

Ба ин тартиб, Виталий Левченко дар ҷараёни ду бозии навбатии “Истиқлол” дар қаҳрамонии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад, ки ҳамроҳи даста бошад ва ба шогирдонаш дастур бидиҳад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол»-и Душанбе дар даври даври сездаҳуми мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм бозигари нави «Истаравшан» Салам Ашӯрмамадов боз кард. Дар нимаи дувуми дидор Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров ба дарвозаи мизбонон ду гол зада, ба “Истиқлол” се имтиёз оварданд.

Дарвоқеъ, дар ин бозӣ, ки мисли бозиҳои дигари даври сездаҳум бе ҳузури мухлисон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардид, сардовар Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринав ду бор ба дарвозаи мизбонон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард.

Вале дар дақиқаи 41-ум ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов натавонист тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонад. Дар ин лаҳза дарвозабони мизбонон Беҳрӯз Хайриев маҳорати хуб нишон дода, тӯбро баргардонд. Дар дақиқаи 59-уми дидор Эҳсони Панҷшанбе тӯбро аз пеналтӣ ба дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисобро баробар кард.

Ба дарвозаи “Истаравшан” ду бор таъйин шудани пеналтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Вале ба иттилои масъулини Лигаи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин бозӣ мизбонон ду бор дар ҷаримагоҳи худ бозигарони “Истиқлол”-ро зада, аз по афтонданд, бинобар ин сардовар бар асоси қоидаҳои бозӣ ду бор ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Баъди анҷоми бозӣ аз ҷониби бошгоҳи “Истаравшан” ба унвони Лигаи футболи Тоҷикистон шикоят ирсол нашудааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG