Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Арманистон аз таркиши газ як нафар ба ҳалокат расид


Дар таркише, ки баъди ихроҷи газ рух дод, бинои 12-табақае дар Ереван хароб шуд
Дар таркише, ки баъди ихроҷи газ рух дод, бинои 12-табақае дар Ереван хароб шуд

Мақомот дар Арманистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ихроҷи газ дар яке аз хонаҳои истиқоматии Ереван рӯзи 26 август дастикам як нафар кушта ва ду нафар бо ҷароҳатҳо ба беморхона интиқол ёфтанд. Таркиш соати 7 субҳ рух дод ва ба бинои 12-табақаи воқеъ дар ноҳияи Канакер-Зейтун осеби зиёд расонид. Соати 1-и нисфирӯзӣ наҷотбахшон ҷасади марди 58-сола ва бо ҷалби даҳҳо нафари дигар, ду сокини маҷрӯҳшудаи дигарро аз зери овор берун оварданд. Як нафари онҳо дар ҳолати сангин қарор дорад. Наҷотбахшон инчунин 19 нафарро ба ҷои дигар интиқол доданд. Аз макони ҳодиса ва саҳнаи ёрӣ ба ин мардум нахуствазир Никол Пашинян дидан кард.

XS
SM
MD
LG