Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 68 нафар дар боронгарӣ ва селобҳои шимоли Кобул


Дар пайи боришоти сахт ва селхезии шаби гузашта дар вилояти Парвон воқеъ дар шимоли Кобул, 68 нафар ҷон бохта ва садҳо хона вайрон шудааст. Вазорати мубориза бо ҳодисаҳои табииӣ Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе бо нашри як баёния гуфт, ки чандин кӯдак дар миёни қурбониёни ҳодиса будаанд. Тибқи ин баёния, дастикам 90 нафар бар асари ин ҳодиса захмӣ шудаанд ва 300 хона тахриб шудааст. Боронгарӣ ва селобҳо солона дар Афғонистон ҷони даҳҳо нафарро мегирад. Дар оғози моҳи ҷорӣ дар вилояти Нангарҳор воқеъ дар шарқи Афғонистон дар пайи селобҳо 16 нафар, аз ҷумла 15 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG