Хабарнигорони Goal.com рӯйхати мунтахаби рамзии Лигаи қаҳрамонҳоро барои мавсими 2019/2020 тартиб доданд. Рӯйхати бозигарони ба он дохилшударо дар сайти нашрия дастрас кардан мумкин аст.
Асоси дастаро бозигарони «Бавария»-и Мюнхени Олмон ташкил медиҳанд. Аз ин бошгоҳ ҳашт футболбоз ба мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳо шомил шудааст: Мануэл Нойер, Йозуа Киммих, Давид Алаба, Алфонсо Дэвис, Серж Гнабри, Тиаго Алкантара, Томас Мюллер, Роберт Левандовски. Инчунин дар рӯйхат номҳои Дайо Упамекано («РБ Лейпсиг»), Эрлинг Ҳолланд («Боруссия»-и Дортмунд) ва Неймар («Пари Сен-Жермен») зикр шудааст.
Вале футболбозони машҳур - Лионел Месси, ҳамлагари “Барселона”-и Испания ва Криштиану Роналду, ҳамлагари “Ювентус”-и Турини Италия, дар ҳайати дастаи мунтахаби Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА ҷой наёфтанд.
“Барселона” аз мусобиқа дар 1/4 финал хориҷ шуд ва “Ювентус” дар 1/8 финал мағлуб гашт.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо 23-юми август дар Лиссабони Португалия баргузор шуд. “Бавария” дар финал “Пари Сен-Жермен”-и Фаронсаро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Голи ягонаро дар дақиқаи 59-ум ҳамлагар Кингсли Коман ба самар расонд.
Ин ғалаба барои «Бавария» дар Лигаи қаҳрамонҳо дар таърих шашум аст. «Бавария» дар мусобиқаи гузаштаи Лигаи қаҳрамонҳо дар ҳамаи 11 бозӣ ғолиб омадааст, ки ба чунин натиҷа пештар ягон даста мушарраф нашудааст.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ “Бавария” дуборӣ «Тоттенҳэм»-и Англия, «Олимпиакос»-и Юнон ва «Срвена Звезда»-и Сербияро шикаст додааст. Дар 1/8 финал бар «Челси»-и Англия, дар чорякфинал бар «Барселона»-и Испания, дар нимфинал бар «Лион»-и Фаронса ғалаба кардааст.
ин маблағ қариб 3 ҳазор доллар мешавад, дар кишвари ҳамсоя Узбекистон, ки ҳамин хел қоида ҷорӣ аст, қариб 600 доллар аст, хол он ки маоши миёнаи онҳо аз Тоҷикистон хеле зиёд аст... Кани инсоф?...
Ҳукумати ноуҳдабарои мо боз роҳи осони аз хисоби кисаи мардум пур кардани буҷетро ёфт... , дар ҳилла гумем..
Кулоб шахри севвум? Не несите отсебятину! Курган-тепа, Турсунзода, Чкаловск, Орджинкидзеобод - и шахро аз Кулоба калонтарай!
28 000 сомони таксими 23 мох 1217 сомониву 40 дирам мешавад. 1217 сомони маоши ду йо се мохаи муалими бечора мешавад. Мисоли одди ман хизмат намеравам бояд дар ягон муасиса кор кунам маоши ман 800 сомони бошад расходхои харрузаи ман агар як маршутка рафтуо бошад дар як мох 120 сомони обед субхона ва шабона нахурему напушем 680 сомони мемонад. Агар ман 680 сомони хар моха барои хизиат чам кунам севуним сол кор карданам даркор. Мухтарам депутатхо як бори дигар хамин масаларо дида бароед ман гами худамро намехурам ман хизмат кардаги ман гами фарзандонамро мехурам ин кадар пул надорам дар хизмат бемасулиятии калон
Вох 28000 ???