Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳазорон сокини Минск бори дигар дар майдони Истиқлол ҷамъ омаданд


Рӯзи сешанбе дар шаҳри Мински Белорус ҳазорон сокин, ки зидди президенти амалкунанди он кишвар Александр Лукашенко эътироз доранд, бори дигар дар маркази шаҳр, дар майдони Истиқолол ҷамъ шуданд.

Мухолифон гуфтанд, ҷамъшавии сокинон ба таҷлил аз Рӯзи ғайрирасмии истиқлоли кишвар рабт дорад. Белорус 25 августи соли 1991 эъломияи истиқлоли кишварро қабул карда буд.

Ҷамъшавии одамон дар шаҳрҳои дигари Белорус низ сурат гирифт. Ба навиштаи расонаҳо, пулис дар шаҳри Гродно бештар аз 20 коргари корхонаи "Гродно Азот"-ро боздошт кардааст, ки дар шаҳр сайру гашт доштанд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Белорус баъди интихоботи президентии рӯзи 9 август шуруъ шуданд. Эътирозгарон ба пирӯзии Александр Лукашенко, президенти амалкунанд дар интихоботи ахир бовар надоранд. Сокинон истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи такрориро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG