Аппликейшн ва ё замимаи видеоии TikTok ҳукумати Амрикоро, ки мехоҳад, истифодаи онро бо сабабҳои амниятӣ дар қаламраваш манъ кунад, ба додгоҳ кашид. Дар шикояти расмӣ, ки рӯзи 24-уми август ба додгоҳе дар Калифорния расид, омадааст, ки ҳукумати Амрико кӯшишҳои зиёди ин шабакаро барои рарсидагӣ ба нигарониҳои марбут ба иттилооти хусусӣ ва амнияти корбарони TikTok-ро нодида гирифтааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 6-уми август дастур дод, ки дар 45 рӯзи оянда ҳаргуна муомилот бо соҳибони чинии ТикТок хатм ва манъ карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки замимаи мазкур барои амнияти миллӣ хатар дорад ва мумкин аст, ТикТок-ро барои дурӯғпароканӣ ва ба нафъи Ҳизби комунисти Чин истифода баранд.
Ҳукумати Трамп ҳамчунин ба ширкати чинии ByteDance дастур додааст, ки ТикТок-ро пепеш аз он ки манъ гардад, ба ягон ширкати амрикоӣ фурӯшад. Шикояти додгоҳии ТикТок алайҳи дастури фурӯш нест. Ширкатҳои Оракл ва Майкрософт гуфтаанд, ки майли харидани бахши амрикоии ТикТок-ро доранд. ТикТок аз он шикоят дорад, ки ҳукумати Трамп аз Аҳдномаи Байнулмилии Иродаи Фавқулодаи Иқтисодӣ суистифода кардааст ва фармонаш асоси ҳуқуқӣ надорад. ТикТок дар Амрико бештар аз 80 миллион корбар дорад.