Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) аз 25-уми август то 8-уми сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷамъомади таълимиву тамринӣ доир мекунад. Дар доираи ин ҷамъомад баргузории ду бозии дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-19) ба нақша гирифта шудааст.
Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ба ҷамъомад 23 бозигар - 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро даъват кардааст.
Бозигарони дастаи «Локомотив-Помир» – дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров - ба мунтахаби ҷавонони кишвар баъди бозии дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар Тошканд баргузор мешавад, мепайванданд.
Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Узбекистон рӯзҳои 3-юм ва 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд доир мегардад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола, ки аз 14-ум то 31-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия (16-уми октябр), Яман (19-уми октябр) ва Қатар (22-юми октябр) рақобат хоҳад кард.
Чаҳор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон ба қаҳрамонии ҷаҳон-2021 (U-20), ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Гулистон:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Алиҷон Кароматуллозода (ССКА), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Исмоилҷон Алимардонов, Озодбек Панҷиев (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Умедҷон Холиқов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
Ин тараф Ворух вай тараф Хоруг кадом тарафи гранитца но тинч аст масалаи марз ин тараф бо Киргизия вай тараф бо Хитой давно хал шудаги гучора мо химоя намоем бо ин генералхои часур ба чанг рафтан хафнок аст яке бо махкам накунанд
Короче говоря, наши успехи как всегда нулевые
Қарзгирандаҳои Муҳтарам ҳо илтимос тон мекунем аму пулҳои хдмона баргардонед. АЛЛО гуфти Ака ё Додар гуфти пул додемтон., то мушкили шумо ҳал шавад ва мо Дустонатон кори савоб гирем. Кам - камак ҳам биёред -минусш кардан мегирем. Худо ҳидоятон кунад ИЛТИМОС пуломона баргардонед. Бе СУД бозию Бе ПРОКРАТУРА.
Худо раҳмату махфираташ кунад.
хизматгори содиқ, кахрамони мардуми. Устоди дурнамову содиқи ватан - руҳатон шод бод. Ба аҳли оила - сабри ҷамил.