Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Узбекистон санаи барӯйхатгирии аҳолиро муайян карданд


Шаҳри Андиҷони Узбекистон.
Шаҳри Андиҷони Узбекистон.

Дар Узбекистон аз 1 то 25 ноябри соли 2025 барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ҳукумати он кишвар фармон содир кард.

Ин бори аввал аст, ки дар замони мустақилии Узбекистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида хоҳад шуд. Дар он кишвар бори охир соли 1989 аҳолиро ба рӯйхат гирифта буданд.

Мақомоти он кишвар тасмим доранд, ки барои озмоиш дар моҳи ноябри соли оянда аҳолиро ба рӯйхат гиранд.

Дар фармони ҳукумати он кишвар омадааст, ки афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ин кор ҷалб карда хоҳанд шуд.

Дар сомонаи Кумитаи давлатии омори он кишвар гуфта шудааст, яке аз сабабҳои баргузории ин маърака он аст, ки "Узбекистон мехоҳад, рақобатпазирии худро дар бозори ҷаҳонӣ боло барад". Ба гуфтаи кумита омор, "бидуни донистани зарфияти инсонии кишвар" ин кор номумкин аст.

XS
SM
MD
LG