Рӯзҳои 23-24-уми август бозиҳои даври сездаҳуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар як бозӣ мизбонон, дар як дидор меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ бо натиҷаҳои мусовӣ хотима ёфт.
«Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 23-юм бозигари нави «Истаравшан» Салам Ашӯрмамадов боз кард. Дар нимаи дувуми дидор Эҳсони Панҷшанбе ва Рустам Соиров ба дарвозаи мизбонон ду гол зада, ба “Истиқлол” се имтиёз оварданд.
Дарвоқеъ, дар ин бозӣ, ки мисли бозиҳои дигари даври сездаҳум бе ҳузури мухлисон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан доир гардид, сардовар Абдулло Давлатов аз ноҳияи Шаҳринав ду бор ба дарвозаи мизбонон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин кард. Вале дар дақиқаи 41-ум ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов натавонист тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонад. Дар ин лаҳза дарвозабони мизбонон Беҳрӯз Хайриев маҳорати хуб нишон дода, тӯбро баргардонд. Дар дақиқаи 59-уми дидор Эҳсони Панҷшанбе тӯбро аз пеналтӣ ба дарвозаи мизбонон ворид намуда, ҳисобро баробар кард.
Ба дарвозаи “Истаравшан” ду бор таъйин шудани пеналтӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Вале ба иттилои масъулини Лигаи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин бозӣ мизбонон ду бор дар ҷаримагоҳи худ бозигарони “Истиқлол”-ро зада, аз по афтонданд, бинобар ин сардовар бар асоси қоидаҳои бозӣ ду бор ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Баъди анҷоми бозӣ аз ҷониби бошгоҳи “Истаравшан” ба унвони Лигаи футболи Тоҷикистон шикоят ирсол нашудааст.
«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи ҷадиди лигаи олӣ - «Файзканд»-и Восеъро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Дилшод Бозоров ва Алишер Баротов ба самар расонданд.
«Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозиро дар майдони худ бо «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом дод. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 77-уми бозӣ капитан ё сарвони «Локомотив-Помир» Сиёвуш Асроров тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ натавонист ба ҳадаф расонад.
Бозӣ миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Душанбе-83»-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 ба поён расид. Ба голҳои Холмурод Назаров ва легионери камерунӣ Мбеке Диеудони меҳмонон Элчибек Рашидбеков ва Аъзам Муродов бо ду гол посух доданд.
Бозии дигари даври сездаҳум миёни дастаҳои «Хатлон»-и Бохтар ва ССКА-и Душанбе бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт.
Баъди натиҷагирии даври сездаҳум дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ «Истиқлол» бо 37 имтиёз пешсафи ягона аст. “Хуҷанд” бо 26 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хатлон” бо 22 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.
Бинобар бозии дӯстонаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Узбекистон, ки 3-юми сентябр дар Тошканд доир мегардад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон танаффуси дуҳафтаина эълон шудааст. Бозиҳои даври чордаҳум рӯзҳои 7-8-ум ва 11-уми сентябр баргузор мешаванд .
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Локомотив-Помир» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Саломзода («Локомотив-Помир»).
23 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».
«Кӯктош» – «Душанбе-83» – 2:2
Голҳо: Элчибек Рашидбеков, 14 (0:1). Холмурод Назаров, 44 (1:1). Мбеке Диеудони, 61 (2:1). Аъзам Муродов, 69 (2:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Аъзам Муродов («Душанбе»).
23 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».
«Хуҷанд» – «Файзканд» – 2:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (1:0). Алишер Баротов, 47 (2:0).
Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).
24 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«Истаравшан» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Салам Ашӯрмамадов, 23 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 59 – аз пеналтӣ (1:1). Рустам Соиров, 89 (1:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).
24 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.
«Хатлон» – ССКА – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Фирӯз Бобиев (ССКА).
24 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
13 |
12 |
1 |
0 |
51-6 |
37 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
13 |
8 |
2 |
3 |
21-15 |
26 |
3 |
«Хатлон» (Бохтар) |
13 |
6 |
4 |
3 |
22-18 |
22 |
4 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
13 |
5 |
5 |
3 |
20-16 |
20 |
5 |
ССКА (Душанбе) |
13 |
5 |
4 |
4 |
20-19 |
19 |
6 |
«Душанбе-83» (Душанбе) |
13 |
4 |
3 |
6 |
15-22 |
15 |
7 |
«Файзканд» (Восеъ) |
13 |
3 |
5 |
5 |
12-23 |
14 |
8 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
13 |
2 |
3 |
8 |
16-31 |
9 |
9 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
13 |
2 |
3 |
8 |
16-31 |
9 |
10 |
«Локомотив-Помир» (Душанбе) |
13 |
1 |
4 |
8 |
9-21 |
7 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 11 тӯб, Илҳом Баротов («Истаравшан») – 9 тӯб.
Даври 14-ум
7 сентябр (душанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Файзканд» – ССКА
«Душанбе-83» – «Хатлон»
8 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Истаравшан»
11 сентябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Кӯктош»
Ҷоми Тоҷикистон
Чорякфинал
13 сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
«Эсхата» – «Хатлон»
15 сентябр (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 16:00
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
«Истаравшан» – «Кӯктош»
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!