Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемористони Олмон: Навалнийро заҳролуд карданд


Лаҳзаи интиқоли Навлний ба беморхонае дар Берлин
Лаҳзаи интиқоли Навлний ба беморхонае дар Берлин

Беморхонаи олмонии "Шарите" дар Берлин бо нашри изҳороте рӯзи 24 август гуфт, ки раҳбари мухолифони Русия Алексей Навалний “бо маводе аз гурӯҳи азбайнбарандаи холинэстераз” заҳролуд шудааст. Дар шарҳи тиббии ин мавод гуфта мешавад, ки он ба асаби инсон таъсири манфӣ мегузорад. Беморхона ҳанӯз мушаххасан нагуфтааст, ки исми ин мавод чӣ аст, вале таъкид кардааст, ки хулосаҳои мазкур бар асоси ташхиси чандин озмоишгоҳи мустақил ба даст омадааст. Дар изҳорот омадааст, ки “паёмади беморӣ маълум нест ва имкон дорад, ки таъсири он бахусус ба системаи асаби бемор тӯлонимуддат хоҳад буд”. Дар изҳорот омадааст, ки Навалний дар утоқи эҳёгарӣ дар ҳолати беҳушии маснуӣ ё кома аст ва феълан ҳеҷ хатари ҷиддие ба ҳаёти ӯ вуҷуд надорад. Изҳороти мазкур чанд соат баъди он нашр шуд, ки ҳукумати Олмон гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд мунаққиди Кремл Алексей Навалний дар Русия заҳролуд шуд ва ба ҳамин хотир ба ҳангоми будубошаш дар беморхонаи Берлин мавриди ҳифозат қарор мегирад.

Навалний баъди он ки дар як парвози маҳаллӣ худро бад ҳис карду дар як беморхонаи Омск бистарӣ гардид, рӯзи 22 август барои муолиҷа ба Берлин интиқол дода шуд. Табибони рус гуфтанд, ки ӯ дучори халалдоршавии метаболикӣ шудааст. Вале ёварони Навалний гуфтанд, ки эҳтимолан ӯ баъди нӯшидани чой дар фурудгоҳи Томск пеш аз парвозаш ба Маскав заҳролуд шудааст. Аҳволи ӯ дар ҷараёни парвоз бад шуд ва ҳавопаймо дар шаҳри Омск нишаст кард.

Штефан Зайберт, сухангӯи садри аъзами Олмон гуфт, ки эҳтимолан Навалний заҳролуд шудааст. Зайберт дар сӯҳбат бо матбуот дар Берлин рӯзи 24 август гуфт, ки эҳтимолан “касе Навалнийро заҳролуд кардааст”. Як мақоми олмонӣ ҳолати Навалнийро “сангин, вале мӯътадил” арзёбӣ кард. Дар ҳамин ҳол сардухтури беморхонаи шаҳри Омски минтақаи Сибири Русия гуфт, ки кормандони тиббӣ дар қазияи муроқибат аз раҳбари мухолифон Алексей Навалний таҳти фишор қарор надоштанд. Александр Мураховский, раиси беморхонаи ёрии таъҷилии рақами 1-и шаҳри Омск гуфт:

“Навалний Алексей дар ҳолати беҳушӣ оварда шуд. Беморхонаи рақами як бо талошу заҳмати зиёд ҷони ӯро наҷот дод. Ин воқеият бебаҳс аст”

Навалнии 44-сола ба Олмон дар як ҳавопаймои изтирории тиббӣ интиқол ёфт. Яка Бизил, муассиси Cinema for Peace Foundation, ки ҳавопайморо пешкаш намуд, дар мусоҳиба бо нашрияи Bild изҳори умедворӣ кард, ки Навалний базудӣ шифо меёбад.


XS
SM
MD
LG