Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари собиқадори Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад


Келлиэнн Конуэй
Келлиэнн Конуэй

Як ёвари собиқадору бонуфузтарини президент Доналд Трамп - Келлиэнн Конуэй эълон кард, ки охири моҳи август Кохи Сафедро тарк мекунад. Конуэй дар ҳафтаҳои ахири интихоботи президентии соли 2016 мушовири аршади интихоботии Трамп шуд ва баъди пирӯзиаш дар интихобот мушовири калони президент гардид. Тарки мақом кардани Конуэй дар ҳолати кунунӣ барои Трамп номуносиб аст, чун аз 24 август рақобатҳои интихоботии ӯ бо номзади демократҳо Ҷо Байден шурӯъ хоҳад шуд. Конуэй қарор аст ҳафтаи ҷорӣ дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ сӯҳбат кунад. Дар номаи истеъфояш рӯзи 23 август Келлиэнн Конуэй гуфтааст, ки мехоҳад дар канори чаҳор фарзандаш бошад. Ҳамсари ӯ Ҷорҷ ҳанӯз баъди анҷоми маъракаи интихоботии соли 2016 Трампро интиқод карда ба як мунаққиди шадидлаҳни президент табдил шуда буд. Ҳоло ӯ узви ба ном Тарҳи Линколн аст, ки гурӯҳи берунаи ҷумҳурихоҳҳо буда, ҳадафаш ба интихоботи соли 2020 роҳ надодани Трамп мебошад.

XS
SM
MD
LG