Бошгоҳи футболи «Бавария»-и Олмон дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бар дастаи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Бозӣ рӯзи якшанбе, 23-юми август, дар Лиссабони Португалия доир гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи 59-ум дастпарвари ПСЖ-и Фаронса, ҳамлагар Кингсли Коман ба самар расонд. Зимнан, ин голи 500-уми “Баврия” дар Лигаи қаҳрамонҳо ба шумор меравад.
Ин ғалаба барои «Бавария» дар Лигаи қаҳрамонҳо дар таърих шашум аст. “Бавария” аз рӯи шумори пирӯзӣ дар ин мусобиқаи пурнуфуз бо «Ливерпул»-и Англия мақоми севумро тақсим мекунанд. Аз ҳама бештар (13 бор) танҳо «Реал»-и Испания ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст. «Милан»-и Италия, ки 7 бор ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шудааст, дар мақоми дувум қарор дорад.
«Бавария» 11-умин бор дар финали Лигаи қаҳрамонҳо иштирок кардааст. Дар бозиҳои ҳалкунанда аз ҳама бештар (16 бор) танҳо «Реал» ширкат варзидааст. «Бавария» пеш аз ин дар финали мавсими 2012/13 иштирок карда, он замон бар «Боруссия»-и Дортмунд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд.
«Бавария» дар мусобиқаи гузаштаи Лигаи қаҳрамонҳо дар ҳамаи 11 бозӣ ғолиб омадааст, ки ба чунин натиҷа пештар ягон даста мушарраф нашудааст.
Дар марҳилаи гурӯҳи “Бавария” дуборӣ «Тоттенҳэм»-и Англия, «Олимпиакос»-и Юнон ва «Срвена Звезда»-и Сербияро шикаст додааст. Дар 1/8 финал бар «Челси»-и Англия, дар чорякфинал бар «Барселона»-и Испания, дар нимфинал бар «Лион»-и Фаронса ғалаба кардааст.
ПСЖ бори аввал дар финали Лигаи қаҳрамонҳо иштирок кард. Аз бошгоҳҳои фаронсавӣ дар ин мусобиқа танҳо «Марсел» соли 1993 ғолиб шудааст. «Бавария» ва ПСЖ бори даҳум дар доираи ин мусобиқа бо ҳам рӯбарӯ шуданд, дар панҷ бозӣ фаронсавиҳо ва дар чаҳор дидор олмониҳо ғолиб омадаанд. Аввалин бор соли 1998 дар финали мусобиқа ғолибони қаҳрамониҳои миллӣ ширкат кардаанд.
Нимҳимоятгари «Бавария» Томас Мюллер дар финали Лигаи қаҳрамонҳо бори чаҳорум иштирок карда, ду бор пирӯз шудааст.
Лигаи қаҳрамонҳо
Финал
“Бавария” (Олмон) - ПСЖ (Фаронса) – 1:0 (0:0)
Гол: Кингсли Коман, 59.
“Бавария”: 1. Нойер, 17. Боатенг (то 25') , 27. Алаба, 6. Алкантара Т. (то 86') , 18. Горетска, 19. Дэйвис, 22. Гнабри (то 68') , 29. Коман К. (то 68') , 32. Киммих, 25. Мюллер, 9. Левандовски Р.
Иваз: 4. Зюле (аз 25') , 10. Коутинйо (аз 68') , 14. Перишич И. (аз 68') , 24. Толиссо (аз 86')
Бозигарони эҳтиётӣ: 26. Улрайх, 39. Ҳоффманн Р-Т., 2. Одриосола, 5. Павар, 21. Лукас Эрнандес, 8. Мартинес Х., 11. Кюизанс, 35. Зиркзее
Огоҳӣ: Дэйвис 28', Гнабри 52', Зюле 56', Мюллер 90'
ПСЖ: 1. Навас К., 3. Кимпембе, 4. Керер, 5. Маркинос, 2. Силва Т., 8. Паредес Л. ( то 64') , 11. Ди Мария (то 80') , 14. Бернат (то 80') , 21. Эррера (то 72') , 7. Мбаппе, 10. Неймар
Таъвиз: 6. Верратти (аз 64') , 23. Дракслер (аз 72') , 20. Курзава (аз 80') , 17. Чупо-Мотинг (аз 80')
Бозигарони эҳтиётӣ: 16. Рико С., 30. Булка, 19. Сарабия, 22. Диалло А., 25. Баккер М., 31. Дагба, 27. Гуйе И.Г., 18. Икарди
Огоҳӣ: Паредес Л. 52', Неймар 81', Силва Т. 83', Курзава 85'
Рефери: Даниэле Орсато (Италия)
“Севиля” ғолиби Лигаи Аврупо шуд
“Севиля”-и Испания, ки рӯзи 21-уми август дар бозии ниҳоӣ бар “Интер”-и Италия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, бори шашум барандаи Ҷоми УЕФА, аз он ҷумла чаҳор маротиба соҳиби Ҷоми Аврупо гардид.
Лигаи Аврупо
Финал
“Севиля” (Испания) – “Интер” (Италия) – 3:2 (2:2)
Голҳо: Лукаку Р., 5 (аз пеналтӣ) (0 : 1); Люк де Йонг, 12 (1 : 1); Люк де Йонг, 33 (2 : 1); Годин, 36 (2 : 2); Диего Карлос, 74 (3 : 2).
“Севиля”: 13. Буну, 12. Кунде, 23. Регилон, 20. Диего Карлос (то 86') , 10. Банега, 14. Сусо (то 77') , 24. Хордан Х. (то 85') , 16. Навас Х., 25. Фернандо Р., 5. Окампос (то 70') , 19. Люк де Йонг (то 85')
Таъвиз: 11. Эл-Ҳаддодӣ (аз 70') , 22. Васкес (аз 77') , 15. Эн Носирӣ (аз 85') , 17. Гудель (аз 86')
Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Васлик, 31. Хави Диас, 3. Серхи Гомес, 18. Эскудеро, 36. Хенаро, 21. Торрес О., 28. Хосе Алонсо
Огоҳӣ: Диего Карлос 3', Банега 45'
“Интер”: 1. Ханданович С., 2. Годин (то 90') , 6. де Врей, 33. Д`Амброзио (то 78') , 95. Бастони, 5. Галярдини (то 78') , 15. Янг Э., 77. Брозович, 23. Барелла, 9. Лукаку Р., 10. Мартинес Л. (то 78')
Таъвиз: 24. Эриксен (аз 78') , 7. Санчес А. (аз 78') , 11. Мозес (аз 78') , 87. Кандрева (аз 90')
Бозигарони эҳтиётӣ: 27. Паделли, 13. Раноккия, 31. Пирола, 34. Бираги К., 37. Шкриниар, 12. Сенси, 20. Валеро Б., 30. Эспозито С.
Огоҳӣ: Барелла 41', Бастони 55', Галярдини 73'
Рефери: Данни Маккели (Нидерланд)
Хамааш мегирад:Суд,прокурор,милиса,духтур ва г.х.Мохона кам аст,ба зиндаги намерасад.Факат ин мардак беэхтиети кардаасту ба даст фаромадаст...
Ватан ки бе СОХИБ монд хар кас даьвои ВАТАН-ри мекунад...
Ягон нафар точикро фиреб накарда монда боша
У мардуми шобика ай санги каратоги сахтаран 👍
ту дигар рохи халли масъаларо наёфти?агар намедони хар чи аз худат нанавис!!!давлат бояд дар рузи дуввуми ходиса ин пулро баркарор мекард!миллати беномус шудагием мо!!!раиси вилоята бин гап заниша как буд то аз осмонафтидаги дигархоро сарзаниш дорад ,агар раиси дилсуз мебудед шумо худатон белу цементу каланд гирифта бо мардум дар тули як хафта хадди акал рохашро меётед!лекин сатхи маърифат ки паст хаст факат гирду атрофи худатон обод бошад шуд мегуеду мегардед аз кучо медонед ки мардум аз пул афтода аз мурда баддтар хол доранд!