Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҶТ мегӯяд, эҳтимол назорати коронавирус давоми ду сол имконпазир шавад


Маводҳои беҳдоштӣ
Маводҳои беҳдоштӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, бо афзоиши ҳолатҳои нави гирифтории сокинон ба коронавирус дар Аврупо ва Амрико назорати пандемия эҳтимолан давоми ду сол имконпазир шавад.

Коронавируси нав дар саросари ҷаҳон 23 миллион нафарро сироят карда ва наздики 800 ҳазор нафарро куштааст.

Олмон, Фаронса, Испания ва Италия аз ҷумлаи кишварҳои аврупоие буданд, ки баҳори имсол аз ҳама бештар сокинонашон ба коронавирус гирифтор шуд ва як давраи сахтеро ин кишварҳо пушти сар карданд.

Афзоиши ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба коронавирус дар тобистон, ба хусус миёни ҷавонон тарсеро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол тирамоҳ сироятёбӣ боз ҳам бештар шавад.

Кишварҳои аврупоӣ ҳоло сафари шаҳврвандонашонро ба кишварҳое, ки ҳанӯз сироятёбӣ кам нашудааст, маҳдуд мекунанд. Супоридани ташхис, пушидани ниқоби тиббӣ ва риояи тозагиро ташвиқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG