Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳо гузорем ё нагузорем. Баҳси Донишгоҳи тиббӣ бо баъзе табибони оянда


Чандин нафар аз донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон шикоят доранд, ки бар хилофи дастури Вазорати маориф, маъмурияти донишгоҳ баҳои имтиҳони онҳоро намегузоранд. Роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ даъвои донишҷӯёнро рад карда гуфт, як қисми ками донишҷӯён бо сабаби паст будани донишашон холҳои лозимро дар рафти таҳсил ба даст наоварданд.

Ҳафтаи равон даҳҳо нафар, ки худро донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ гуфтанд, ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки маъмурияти донишгоҳ онҳоро аз як соли таҳсил ба соли дигари таҳсил намегузаронан. Ин гурӯҳи донишҷӯён намехоҳанд номашон зикр шавад, чун метарсанд, ки барояшон мушкил эҷод мешавад.

Донишҷӯён даъво доранд, ки охири моҳи апрел онҳоро ба таътил фиристоданд ва бар асоси дастури Вазорати маориф бояд дар асоси холҳои гирифтаашон давоми се моҳи ахир, баҳои солонаашонро мегузоштанд. Аммо ба гуфтаи донишҷӯён, бо шуруи соли нави таҳсил ба онҳо хабар доданд, ки аз чандин фан баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд ва бояд аз сари нав имтиҳон супоранд.

"Дар баробари ин аз мо талаб доранд, ки маблағи кредитии ин имтиҳонҳоро супорем ва дар муддати ду рӯз бояд ҳамаашро ҷамъбаст намоем, дар асл ин ғайриимкон аст" - навиштаанд донишҷӯён.

Маъмурияти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон даъвои донишҷӯёнро рад мекунанд. Нигина Хоҷаева, декани факултети тиббӣ, калонтарин факултаи Донишгоҳи тиббӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо як қисми ками донишҷӯён ҳастанд, ки баҳои заруриро нагирифтаанд. Хонум Хоҷаева афзуд, бар асоси дастури вазорати маориф, онҳо баҳои гирифтаи донишҷӯён дар моҳҳои феврал, март ва апрелро ҷамъбаст карда, аз рӯи он баҳои солона гузоштанд.

"Аммо як қисми донишҷӯён ба дарс бо тайёрӣ наомаданд, баҳои рейтингҳояшон паст буданд, вақте натиҷа дар система ҷамъбаст шуд, баҳо ду баромад. Дигар қисми донишҷӯён ҳамааш баҳои худро гирифтаанд. Инҳо 5-6 фоизи донишҷӯён ҳастанд, ки баҳои зарурӣ нагирифтаанд",-мегӯяд Хоҷаева. Декани факултаи тиббии Донишгоҳи тиббӣ ҳамчунин гуфт, донишҷӯёне, ки баҳои заруриро нагирифтаанд дарси иловагӣ мегиранд ва аз сари нав имтиҳон месупоранд.

Як шикояти аслии баъзе донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ин аст, ки масъулин барои гузоштани баҳо аз онҳо маблағ мепурсанд. Аммо Нигина Хоҷаева гуфт, "маблағ барои кредит" барои ҳар фан 140 сомонӣ муқаррар шудааст, ки барои таҳсили иловагӣ муайян шудааст. Системаи кредитии таҳсил муқаррар мекунад, ки донишҷӯ дар ҳоли нагирифтани баҳои зарурӣ аз даври аввали имтиҳон, ба буҷаи донишгоҳ маблағ месупорад ва баъдан дуюмбора имтиҳон месупорад.

Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ба донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳонҳои тобистонаи ин гуруҳи донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда шуд.

Баъд аз сеюним моҳ рӯзи 17-уми август дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил шуруъ шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ аз камтарин муҳассилине ҳастанд, ки даъво доранд дастури вазорати маориф дар нисбати онҳо иҷро нашудааст.

Яке аз ин донишҷӯён ба Радиои Озодӣ навиштааст, "дар асл мо бояд ин кредитҳоро насупорем, барои онки ин фанҳоро мо хонда, бали лозимиро барои ҷамъбаст намудани имтиҳонҳо ба даст овардем".

Аммо Нигина Хоҷаева, декани факултети тиббии Донишгоҳи тиббӣ дар посух ба ин гуфтаи донишҷӯён гуфт, "баҳои солонааш паст буд, ду гирифтӣ, биё ман се монам гуфта наметавонем. Аввал мехонад ва баҳояшро ислоҳ мекунад. Пагоҳ ҳаёти одамон дар дасти онҳо супорида мешавад".

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз қазия огоҳ ҳастанд. Эҳсони Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф аз қавли масъулини Донишгоҳи тиббӣ гуфт, танҳо барои донишҷӯёне имтиҳони такрорӣ ташкил шудааст, ки дар давоми се моҳи таҳсил холҳои заруриро ба даст наовардаанд.

Бо ин вазъ маълум нест, ки шикояти донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ба куҷо мерасад. Донишҷӯён мегӯянд, агар ба онҳо кӯмак нашавад, ҳам пардохти "маблағи кредит" ва ҳам супурдани имтиҳон дар муҳлати кутоҳ барояшон мушкил мегардад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG