Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатлон" бидуни бохт дар Лигаи занонаи футболи Тоҷикистон пешсаф аст


Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.
Дастаҳои занонаи футболи Тоҷикистон.

Натоиҷи бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои занона, ки 19-уми август баргузор шуд, мавқеи дастаҳоро дар ҷадвал тағйир надод.

Пешсафи мусобиқаи Лигаи занона – «Хатлон» -и Бохтар - дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. “Хатлон”, ки 34 имтиёз гирифтааст, ягона дастаест бохт надорад.

Бозии марказии даври дувоздаҳум миёни дастаҳои «Зебонисо»-и Душанбе ва «Зебо»-и ноҳияи Дӯстӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. “Зебонисо” бо 31 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Зебо” бо 29 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Ҳарсе дастаи пешсаф муборизаро барои медалҳо идома медиҳанд.

Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин Лайло Ҳалимова («Хатлон»), ки ба дарвозаи ҳарифонаш 51 тӯб задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

Бозиҳои даври сездаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона рӯзи якшанбе, 23-юми август, баргузор мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои занона

Даври 12-ум

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 3:0

«Панҷшер» – «Равшан» – 1:2

«Бешкент» – «Барқ» – 6:0

«Зебонисо» – «Зебо» – 1:1

«Ҳосилот» – «Чашма» – 2:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хатлон» (Бохтар)

12

11

1

0

91-5

34

2

«Зебонисо» (Душанбе)

12

10

1

1

117-3

31

3

«Зебо» (Дӯстӣ)

12

9

2

1

70-10

29

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

12

7

1

4

56-12

22

5

«Бешкент» (Носири Хусрав)

12

7

1

4

55-15

22

6

«Барқ» (Норак)

12

3

1

8

7-72

10

7

«Ҳосилот» (Фархор)

12

3

1

8

7-73

10

8

«Равшан» (Кӯлоб)

12

2

0

10

3-56

6

9

«Чашма» (Шаҳритус)

12

2

0

10

9-94

6

10

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

12

1

2

9

12-87

5

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 51 тӯб, Мадина Фозилова («Зебонисо»/«Зебо») – 41 тӯб, Рафина Нормуродова («Бешкент») – 39 тӯб, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 27 тӯб, Шукронаи Ҷумъахон («Зебонисо»/«Зебо») – 17 тӯб.

Даври 13-ум

23 август (якшанбе)

«Чашма» – «Хатлон»

«Ҳосилот» – «Зебо»

«Зебонисо» – «Барқ»

«Равшан» – «Бешкент»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

XS
SM
MD
LG