Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон мухолифи узбекистониро ба ватанаш истирдод карданд


Хуррам Бердиев (аз рост) бо писараш Шоҳҷаҳон. Январи 2020.

Мақомоти Қазоқистон Хуррам Бердиев, фаъоли ҳизби мухолифи Узбекистон "Эрк"-ро ба кишвараш истирдод карданд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, боздошт ва истирдоди Бердиев ба мавқеи сиёсии вай рабт надорад. "Бердиев дар савдои одамон айбдор мешавад. Ҳеч айби дигаре нисбати вай эълом нашудааст", - хабар доданд аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканди Узбекистон.

Бердиев моҳи феврали соли ҷорӣ таҳти пайгард қарор гирифт ва дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон боздошт гардид.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ӯро ҳанӯз дар соли 2014 бо айби савдои одамон дар пайгард қарор гирифта буд. Ба гуфтаи мақомоти Узбекистон Бердиев чанд муҳоҷири меҳнатиро ба шаҳри Чимкент даъват ва шиносномаҳояшонро гирифта, бидуни музд дар сохтмонҳо кор фармудааст.

Дилором Исҳоқова, узви ҳизби "Эрк", ки дар додгоҳи муҳокимаи Бердиев ширкат дошт, айби эъломшударо бепоя хонд.

"Онҳое ки даъвои дар асорати Бердиев буданро доранд, ба хешовандонашон дар кишвар маблағ ирсол ва тариқи телефон суҳбат мекарданд", - гуфт вай.

Ҳизби "Эрк" охири солҳои 1980 дар Узбекистон аз сӯи Муҳаммад Солеҳ таъсис шуд. Муҳаммад Солеҳ дар интихоботи соли 1991 рақиби президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов буд. Аммо баъди интихобот вай маҷбур шуд, ки кишварашро тарк кунад.

Бердиеви 58-сола низ солҳо пеш Узбекистонро тарк ва дар Қазоқистон зиндагӣ ихтиёр карда буд.

XS
SM
MD
LG