Бемории ҳамагири COVID-19 дар Тоҷикистон дар баробари он, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифту ба иқтисоди кишвар латма зад ва робитаҳои иҷтимоиро тағйир дод, аммо ҷомеаро ба корҳое водор кард, ки дар гузашта ба он зиёд намеандешид.
Замоне ки бемории ҳамагир дар кишвар бедод мекард, Нуъмон Ҳасанов, сокини шаҳри Хуҷанд барои сохтани дастгоҳе барои нафасдиҳии сунъӣ дастбакор шуд. Замони авҷи коронавирус дар моҳҳои май-июн, беморхонаҳои Тоҷикистон ба камбуди чунин дастгоҳҳо рӯбарӯ буданд.
Муҳандис Нуъмон Ҳасанов мегӯяд, ин дастгоҳ барои нафасдиҳӣ ва зиёд намудани миқдори ҳаво ба шуш зарур аст. "Ҳам миқдори намӣ аст, ҳам дору, ки ба роҳи нафас меравад", -- гуфт ӯ дар бораи дастгоҳи сохтааш.
Нуъмон Ҳасановро сокинони шаҳри Хуҷанд ба ҳайси ихтироъкор ва таъмиргари асбоб мешиносанд. Муҳандиси 71-сола дар гузашта раҳбари Идораи роҳи оҳани Хуҷанд буд.
Ӯ дар давраи коронавирус чанд дастгоҳи поккорӣ ҳам сохтааст. Мегӯяд, асбоби сохтааш, ки ҳамагӣ 30 сантиметр дарозӣ ва 30 сантиметр баландиву 20 сантиметр бар дорад, ба таври рақамӣ кор мекунад.
Дар замони пандемия Нуъмон Ҳасанов ягона нафаре нест, ки ба сохтан ё "ихтирои" дастгоҳҳои беҳдоштӣ машғул буд. Донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин марҳила асбоби поксозии даст аз вирусро ҳам сохтанд. Онҳо бо ин асбоби сохтаи худ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 талош доранд.
Абдураҳмон Маҳмудов, устод ва мудири Маркази технологии ин донишгоҳ мегӯяд, "дар қисми берунии он мо аз таҷҳизоти ПВХ истифода бурдем. Аз микрочипҳо, муҳаррик ва ноқилҳо ва якчанд намуд сенсорҳо иборат аст, ки вақте дастро медорем, вай мешиносад ва ба миқдори зарурӣ антисептик мепошад".
Норасоии асбоб ва таҷҳизот барои поккорӣ (дизенфексия) ва табобати беморон ихтироъкорони тоҷикро водор кард, ки сари сохтани чунин дастгоҳҳо талош кунанд.
Дар ҳудуди ним сол ба дасти донишмандон ва ихтироъкорон дар Тоҷикистон ба ҷуз аз дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, дигар чизе чашмгир ихтироъ ва тавлиди он ба роҳ монда нашуд.
Талошҳои аксари ихтироъкорон барои дарёфти молӣ аз ҳукумат барои такмили таҷҳизоти сохтаашон ва роҳандозии истеҳсоли онҳо бештар вақт бенатиҷа мондааст.