Дар натиҷаи ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои Либия дар аввали ҳамин ҳафта камаш 45 нафар ҳалок шудаанд. Кумиссариати Олии Созмони Милал дар Умури Паноҳандагон ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират рӯзи 19-уми август дар як баёнияе гуфтанд, фалокат бо киштӣ бузургтарин фалокат дар соҳилҳои Либия дар тӯли имсол будааст.
Фоҷиа рӯзи 17-уми август рух додааст. Сиву ҳафт муҳоҷиру паноҳандаи бозмондаро, ки аз Сенегал, Мали, Чад ва Гана будаанд, моҳигирон наҷот додаанд ва баъдан ҳамаро мақомот боздошт кардаанд.
Дар умум имсол 302 муҳоҷиру паноҳҷӯ ҳангоми талош барои расидан аз кишварҳои Африқо ба Аврупо дар Баҳри Миёназамин ҳалок шудаанд.