Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифон дар Беларус ба роҳпаймоии нави умумимиллӣ омода мешаванд


Роҳпаймоии нави эътирозии умумимиллӣ дар Беларус, қарор аст, рӯзи якшанбеи 23-юми август баргузор шавад.

Мухолифон тасмим доранд, онҳоеро ба роҳпаймоӣ бароранд, ки бо натиҷаҳои расмии интихоботи президентии рӯзи 9-уми август розӣ нестанд. Дар эълони роҳпаймоӣ омадааст, ки ҷамъшавӣ дар маркази шаҳри Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус аз нисфирӯзӣ оғоз мешавад.

Ҳамчунин интизор меравад, Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон, ки бо ташаббуси ситоди интихоботии номзад ба мақоми президентӣ Светлана Тихановская таъсис шудааст, дар рӯзи роҳпаймоии навбатӣ барномаи худро муаррифӣ хоҳад кард.

Созмондиҳандагон аз Шӯрои ҳамоҳангсоз ва дигар иттиҳодияҳо мегӯянд, рӯзи 16-уми август дар Беларус бузургтарин эътироз дар таърихи нави ин кишвар баргузор шуд. Рӯзи якшанбе мухолифон се талаб доштанд: озодии фаврии тамоми боздоштшудаҳо ва зиндониёни сиёсӣ, истеъфои Александр Лукашенко ва ба додгоҳ кашидани кормандони мақомоти қудратӣ ва мансабдороне, ки дар куштор ва шиканҷаи эътирозгарон даст доранд.

Шӯрои ҳамоҳангсози мухолифон, ки рӯзи 19-уми август ба кор шуруъ кард, аз мақомот хост, сари мизи музокирот нишинанд.

Мария Колесникова, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз дар нишасти хабарии рӯзи 19-уми август гуфт, ки мухолифон қасди барҳам задани сохти конститутсионӣ ва сиёсати хориҷии кишварро надоранд.

Ба иттилои Кумисюни марказии интихоботии Беларус, дар интихоботи рӯзи 9 август президенти амалкунанда Александр Лукашенко бо 80 дарсади раъйи мардум пирӯз шудааст. Мухолифон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот тақаллуб шуданд. Ба бовари онҳо, дар интихобот номзади мухолифон Светлана Тихановская пирӯз шудааст.

XS
SM
MD
LG