Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норвегия як дипломатро аз қаламраваш берун кард


Сафорати Русия дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия
Сафорати Русия дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия

Норвегия як дипломати русро дар иртибот бо боздошти як шаҳрвандаш бо иттиҳоми ҷосусӣ аз ин кишвар ронд. Вазорати умури хориҷии Норвегия гуфт, ки сафири Русияро ба вазорат хонда ва ба ӯ гуфтаанд, дипломати рус барои он бояд Норвегияро тарк кунад, чун “амалҳоеро анҷом додааст, ки мутобиқ ба мақоми дипломат нест”. Дар ин бора телевизиони NRK- и Норвегия гузориш дод.

Хадамоти Истихборотии Норвегия рӯзи 15-уми август, як шаҳрванди ҳиндутабори кишварро ҳангоми мулоқот бо як афсари рус дар ресторане дар шаҳри Осло дастгир кард. Мақомоти Норвегия номи фарди боздоштшударо нагуфтаанд, вале телевизиони NRK ӯро Ҳаршарн Сингҳ Татгари 50-сола ном бурд.

Ӯ барои чаҳор ҳафта дар боздоштгоҳ мемонад. Бино ба гузоришҳо, ӯ ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки дар иваз пул ба маълумотеро ба дипломати рус додааст.

XS
SM
MD
LG