Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дубора бо IMF вориди гуфтугӯ шуд


Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон дубора бо Сандуқи Байналмиллалии Пул ё IMF музокиротро оғоз кардаанд ва мехоҳанд, аз ин ниҳоди байнулмилалии молӣ қарзҳои боимтиёз бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки Сандуқи Байналмилалии Пул моҳи майи имсол дар авҷи пандемияи коронавируси нав бо дархости Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарз дод. Ин қарзҳо баҳра надоранд, вале дар ивази он аз Тоҷикистон тақозо шудааст, қисмати даромади буҷаро беш аз 2 миллиард сомонӣ ва хароҷотро беш аз 1 миллиард сомонӣ кам кунад.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 19-уми август хабар дод, ки музокироти нав бо Сандуқи Байнулмилалии Пул то 3-юми сентябр идома мекунад. Бо далели пандемия музокирот онлайн баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, “таъсири омилҳои берунӣ ба вазъи бозори дохилии асъор, баста шудани марзҳо, сатҳи таваррум ва сатҳи осебпазирии иқтисоди миллӣ аз пандемияи COVID-19” аз мавзуъҳои асосии гуфтугӯ ҳастанд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки Миллӣ, дар музокирот бо намояндагони IMF гуфтааст, Тоҷикистон барои коҳиши таъсири пандемия ба иқтисод “чораҳои саривақтӣ” андешид. Аз ҷумла, ба қавли ӯ, “меъёри бозтамвил (фоизе, ки Бонки миллӣ аз рӯи он ба бонҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад) ва меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзӣ коҳиш дода шуд”.

Падамҷа Ханделвал, раиси ҳайати СБП дар гуфтушунид бо Тоҷикистон, ба мақомоти тоҷик чанд пешниҳод ироа кардааст, аммо ҷузъиёти пешниҳодҳо ҳанӯз дастрас нест.

Пас аз моҷарои "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайриҳадафмандона"-и қарзҳои Сандуқи Байналмилалии Пул аз соли 2009 то 2020 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накарда буд. Танҳо соли 2020 дар авҷи пандемияи коронавирус ва баъди муроҷиати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, СБП ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи даҳсола дод.

Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.

XS
SM
MD
LG