Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷавиҳои Туркманистонро маҷбур ба харидани телевизорҳои ватанӣ доранд


Туркманистон. Августи 2020.
Туркманистон. Августи 2020.

Мақомоти Туркманистон кормандони буҷавиро маҷбур доранд, ки телевизорҳои истеҳсоли ватаниро харидорӣ кунанд.

Ба гуфтаи кормандони соҳаи буҷавии Туркманистон, қимати ин телевизорҳо қариб 700 доллари ИМА аст ва маблағи он қисм-қисм аз маоши кормандон рӯёнида мешавад.

"Дар Фороб буҷавиҳо дастури харидани телевизорҳои ҳушманди ватаниро гирифтаанд. Ҳар кадом телевизори ҳушманди "Толкун" 2400 манат (686 доллари ИМА) қимат дорад", - гуфт як сокини вилояти Лебап.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот кормандонро огоҳ кардаанд, телевизорҳоро танҳо аз моҳи январи соли 2021 метавонанд, дастрас кунанд, аммо маблағи он аз ҳоло аз сари маош баргардонида мешавад.

Кормандони соҳаи буҷавии Туркманистон маҷбуранд, ин шартро қабул кунанд. Дар ғайри сурат аз кор ронда мешаванд.

Дар Туркманистон ҳанӯз охири соли гузашта тасмим гирифта шуд, ки истеҳсоли телевизорҳои ҳушманд ба роҳ монда шавад.

Коршиносон мегӯянд, ба далели сифати бади интернет дар Туркманистон бисёре аз имкониятҳои телевизорҳои ҳушманд барои сокинон дастнорас хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG