Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони узбек шикоят доранд, ки бахше аз кӯмакҳои Алишер Усмоновро дарёфт накарданд


Мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.
Мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" дар Узбекистон шикоят доранд, ки кӯмакҳои ҷудокардаи сарватманди узбектабори Русия Алишер Усмонов ба таври комил ба онҳо нарасидааст.

Охири моҳи июл Усмонов ҳамчун кӯмаки якдафъаина ба кормандони хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" дар Узбекистон наздики 10 миллион доллар ҷудо кард.

Бино ба қарори девони вазирони Узбекистон, ҳар пизишк наздики 500 доллари ИМА, корманди миёнаи соҳаи тиб наздики 400 доллар ва ронандагони мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" мебоист, наздики 300-долларӣ дарёфт мекарданд.

Аммо бархе аз кормандони хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" дар минтақаҳои Узбекистон гуфанд, ки ин кӯмакҳои ноодилона тақсим шудаанд.

"Роҳбарият ба мо 2 миллионсӯмӣ (наздики 200 доллари ИМА) дод. Бархеҳо 1 миллион сӯм (наздики 100 доллар) дарёфт карданд", - гуфт як корманди хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон, ки нахост номаш зикр шавад.

Кормандони дигари хадамоти "Ёрии таъҷилӣ" аз минтақаҳои дигари Узбекистон айни ҳамин шикоятро доранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати тандурустии Узбекистон гуфтанд, кӯмакҳо ба кормандони "Ёрии таъҷилӣ" ба таври шаффоф тақсим шудааст.

XS
SM
MD
LG