Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон иттилоъро дар бораи қурбониёни савдои одамон махфӣ кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 17-уми август қонун "Дар бораи мубориза ба зидди фурӯши одамон"-ро имзо кард. Бино ба ин қонун, иттилоъ дар бораи қурбониёни фурӯши одамон махфӣ нигаҳ дошта мешавад.

Дар қонун омадааст, шиносоии қурбониёни савдои одамон танҳо барои пайдо кардан ва расонидани ёрии зарурӣ ва ҳифзи онҳо ба роҳ монда мешавад.

"Ин ҳам дар ҳолест, ки иттилоъ дар бораи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла гумонбарони ҷиноят, ҳолати содиршавии ҷиноят ошкор карда намешавад", - омадааст дар қонун.

Бино ба ин қонун, қурбониёни ин навъи ҷиноят ҳаққи дарёфти кӯмаки моддиро ба таври муваққат доранд. Қонун таъмини шуғлро ба онҳо пешбинӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG