Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи беморони "илтиҳоби монанд ба коронавирус" дар Қазоқистон афзудааст


Сухангӯи Вазорати тандурустии Қазоқистон Бағдод Коҷахметов гуфт, афзоиши "илтиҳоби монанд ба коронавирус" ба он марбут аст, ки шумори ҳарчи бештари сокинон ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд.

"Одатан мардум дар рӯзҳои истироҳат ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намекунанд. Аз ҳамин хотир рӯзҳои душанбеву сешанбе ба муассисаҳои муроҷиат зиёд мешавад", - гуфт Коҷахметов рӯзи 19-уми август.

Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дод, ки 18-уми август дар ин кишвар 1081 ҳолати нави гирифторӣ ба илтиҳоби монанд ба COVID-19 сабт шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот аз рӯзи душанбе марҳила ба марҳила бардоштани карантинро эълом карданд. Дар Қазоқистон аз ибтидои моҳи июл ба ин тараф карантин ҷорӣ буд.

Дар Қазоқистон аз миёнаҳои моҳи март ба ин тараф бештар аз 103 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст. Мақомот мегӯянд, аз ин вирус дар маҷмуъ 1446 кас фавтидааст.

XS
SM
MD
LG