Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз эҳтимоли истирдод шудани Бобомурод Абдуллоев


Бобомурод Абдуллоев
Бобомурод Абдуллоев

Кутликиз Балхибоева, ҳамсари рӯзноманигори боздоштшудаи узбек дар шаҳри Бишкек Бобомурод Абдуллоев аз эҳтимоли пинҳонӣ истирдод шудани шавҳараш ба шаҳри Тошканд изҳори нигаронӣ мекунад.

"Як ҳафта мешавад, ки вакилони дифоъро ба назди шавҳарам роҳ намедиҳанд. Ин маро нигарон кардааст. Зеро эҳтимол дорад, ӯро ба шарти ду ҳафта баъд баргардонидан ба Бишкек ба хадамоти махсуси Узбекистон таслим карда бошанд. Агар ин фарзия рост бошад, шавҳари маро ба монанди дафъаи пешин дар Узбекистон шиканҷа хоҳанд кард. Агар Абдуллоевро ба Узбекистон истирдод накардаанд, чаро ба вакилони дифоъ нишон намедиҳанд?", - мегӯяд Балхибоева.

Ба гуфтаи Балхибоева, мақомоти қирғиз метавонистанд Абдуллоевро дар хонае, ки зиндагӣ мекард, ба ҳабси хонагӣ бигиранд.

"Ҳамеша мегуфтанд, ки Қирғизистон демократитарин кишвари Осиёи Марказӣ аст. Вале баъди фавти ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси абад Азимҷон Аскаров дар зиндони Қирғизистон намедонам, ба ин гуфтаҳо бовар кунам, ё не", - изҳор дошт ҳамсари Абдуллоев.

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8-уми август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд. Аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ки ин кишварро тарк кунад.

XS
SM
MD
LG