Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаводиси ахири Беларус ба интихоботи президентии Тоҷикистон таъсире хоҳад гузошт?


Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Минск барои хеле аз кишварҳо, хоса онҳое, ки дар қудрат раҳбарони дарозумр доранд ва дар пеш маъракаҳои муҳиме чун интихобот, сабақомӯз мегардад. Ҳатто имкон дорад инро давраи нави сиёсии пас аз коронавирусӣ гуфт. Дар ин моваро Беларус аз аввалин кишварҳоест, ки пас аз пандемия интихобот баргузор намуд.

Ҳукумати Лукашенко ҳарчанд бӯҳрони COVID-19-ро бо душворӣ паси сар кард, ҳоло маълум мешавад, аз он бардоштҳои лозим надоштааст. Ба гумони ғолиб интизорашон ин буд, ки мисли панҷ бори пешин бо фоизҳои дар ҷаҳони муосир тасаввурнопазир номзади худро ғолиби маърака эълон кардан имкон дорад. Аммо бархӯрдҳои аввалини мардум пас аз интихобот исбот намуд, ки ба онҳо мисли дафъаҳои гузашта бо тарсзоиву саркӯб муносибат кардан, танҳо пайомадҳои ногувор пеш меорад. Дар натиҷа ҷаҳон шоҳид гашт, ки ба таври дилхоҳи раҳбарони саркӯбгар интихобот баргузор кардан мумкин, вале бе президент мондан ҳам имкон дорад.

Александр Лукашенко
Александр Лукашенко

Ҳоло танҳо Лукашенко ва атрофиёнаш бовар доранд, ки онҳо 80 дарсади овозҳоро соҳиб шудаанд. Ҳатто 50-60 ҳазор мардуме, ки ду рӯз пеш дар Майдони Истиқлоли Минск аз шаҳрҳои мухталиф барои ҷонибдории худ гирд оварданд, маълум мешавад ба онҳо кумак карда наметавонад. Ба ҳар сурат, дар майдонҳои дигари на танҳо пойтахти Беларус, балки шаҳрҳои бузурги ин кишвар, дар чанд рӯзи ахир гуфта мешавад ҳудуди 500 – 600 ҳазор норозӣ гирд омаданд. Онҳо акнун ба Лукашенко ҳамчун “президенти собиқ” муроҷиат мекунанд. Бар илова, аз дирӯз корпартоии корхонаҳои азими кишвар, ки бештар давлатианд, оғоз гардид ва онҳо мегӯянд, ин корро то "ғалабаи ниҳоӣ" идома медиҳанд. Ҷиддияти ин гуна вокунишро “президенти собиқ” хуб мефаҳмад.

Як бартарии Лукашенко дар баробари "ҳамтоёни собиқадораш" ин аст, ки гоҳ-гоҳ дар сӯҳбати мардум ва расонаҳо пайдо мешавад ва ошкоргӯиҳое анҷом медиҳад. Дирӯз барои сӯҳбат ба яке аз корхонаҳои муҳими кишвараш – заводи тракторсозӣ рафт, ки кормандонаш даст ба корпартоӣ задаанд. Вале воқеиятҳоеро дид, ки дар сӯҳбатҳои қаблии худ ба эҳтимоли зиёд ҳеч гоҳ вонахӯрда буд. Мардум дар баробараш ҳарф мезаданд, суханони ӯро мебуриданду ба дурӯғӯӣ муттаҳам мекарданд ва ошкор мегуфтанд, ки барояш овоз надодаанду “Бирав!”

Ҳарчанд ваъда дод, ки дар ҳукумати наваш барои дигарон ҷо хоҳад ёфт, ислоҳоти конститутсионӣ анҷом медиҳад ва пас аз он интихоботи дигари президентӣ, бо ҳарифонаш муколама хоҳад кард... мисле ки дер кардааст. Хеле...

Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки Лукашенко барои сари таъзим фурӯ овардан назди мардум хеле дер кардааст.

Маълум аст, ки чунин раванди ҳодисаҳо саволеро дар кишварҳои дигар пешорӯ хоҳад гузошт: ҳодисаҳои Беларус то куҷо “сирояткунандаанд”?

Тоҷикистон, ки дар ду моҳи пешорӯ интихоботи президентӣ дорад, наметавонад аз чунин саволу ҷавобҳо раҳо бошад. Ба вижа дар назардошт бо ин ки хеле умумиятҳое бо ин кишвар дорад:

  • Ҳарду кишвар то 29 сол қабл узви давлати воҳиди СССР буданд;
  • Лукашенко пеш аз он ки президент бошад, мисли Эмомалӣ Раҳмон мудири совхоз ва вакили порлумон буд;
  • Агар президенти Беларус 26 сол буд, ки дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошт, ҳамтои тоҷики ӯ 28 сол аст ин масъулиятро ба зимма гирифтааст;
  • Александр Григоревич ҳам мегӯяд, давлат маҳз пас аз оғози раҳбарии ӯ шакл гирифт;
  • Дар интихоботи ахири президентии Беларус ду бону номзад буданд, ки онро гарм нигоҳ доштанд. Дар интихоботи соли 2013 дар Тоҷикистон бори аввал “овози занона” садо дод.

Аммо аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъияти ду кишварро муқоиса намудан имкон надорад:

Сатҳи зиндагии беларусиҳо чанд маротиба аз тоҷикистониҳо беҳтар аст;

Аксари корхонаҳои муҳим ҳоло ҳам давлатианд ва хусусиву “приватизатсия” нашудаанд;

ВА АЗ ҲАМА МУҲИМ:

Ҳатто рақибони сарсахташ Лукашенкову хонаводаи ӯро то ҳол барои ҷамъ овардани сармояи зиёди ғайриқонунӣ муттаҳам накардаанд.

Воқеан, ҳангоми мулоқоташ бо кормандони корхонаи тракторсозӣ, ки коршиканӣ доранд, бо итминон гуфт, ки ҳар моликияти ғайриқонунӣ ба дастовардаи ӯро, агар пайдо карданд, мардум метавонад соҳиб шавад...

Ин мавзӯи дигарест, ки ба он мешавад пас аз чанд рӯз баргашт: оё воқеан Лукашенко моликияте ҷамъ накардааст, ё мухолифонаш дар бораи ӯ маълумоти комил надоранд?

Аммо мавзӯи таъсири рухдодҳои Беларус ба фазои сиёсии кишварҳои пасошӯравӣ дар назардошт бо умумияту фарқиятҳое, ки дорад, дар маҳфилҳои мухталиф гарм хоҳад буд.

Ҳуқуқшинос ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, сабабу омилҳои ҷиддие вуҷуд доранд, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рухдодҳои Беларус на танҳо дар байни шаҳрвандони одиву ҷомеаи шаҳрвандӣ, балки ниҳодҳои марбутаи давлат, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти амниятию корҳои дохилӣ ва дигарон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор бигирад. Ӯ мутмаин аст, ки ҳукумат ва сохторҳои масъулаш аз ин ҳодисаҳо сабақ гирифта, барои ба саҳнаи корзор ворид гардидани номзадҳои воқеӣ ба ҷои номзадҳои худсохта талош хоҳанд кард.

"Яке аз шартҳои иштироку иҷозат дар интихоботҳои президентии Тоҷикистон, ба фикри ман, ба масъалаҳои дуюмдараҷа ҷалб намудани интихобкунандагон аз ҷониби номзадҳо асту дар маҳдудаи танқиди раҳбарият дар сатҳи ҷамоати деҳоту мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва баррасии баъзе масъалаҳои ҷузъии хусусияти иҷтимоӣ- иқтисодӣ дошта банд кардани онҳост", - мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Чунин шеваи кор, ба гуфтаи сиёсатмадор ва ҳуқуқшиноси тоҷик, танҳо ба хотири соҳиб шудани машрӯияти ҳукуматдорон аст, на барои донистани зарфияту воқеиятҳои кишвар, ки ҳадафи аслии маъракаҳои сиёсии давлатҳо барои ҳамин бояд равона гардад.

Воқеан, яке аз сабабҳои ба бӯҳрон рӯ ба рӯ шудани ҳукумати Лукашенкоро маҳз ба ҳамин нукта нисбат медиҳанд, ки ӯ худро ба фиреби “сохтусозҳои идеологӣ ва ҳуқуқӣ” банд карда, аз воқеиятҳои кишвар дур рафт. Дар натиҷа “оппозитсияи номаълум” якбора аз худ дарак дод ва ҳукуматро ғофилгир намуд.

Шокирҷон Ҳакимов ба ин назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба омору маълумоти пешниҳодкардаи масъулини худ чандон бовар надорад, вагарна барои баргузории як интихоботи воқеӣ шояд имкон медод: "Агар президент бо вуҷуди таърифу тавсифи 24-соатаи телевизион ва радиову нашрияҳои давлатӣ ва бештар аз ним миллион будани узви ҲХДТ эътимод медошт, заминаҳои ҳуқуқии интихоботро соддатару танзими онҳоро ба замону вижагиҳои муосир мутобиқ менамуд."

Таҳлилгар Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, ки феълан дар Аврупо қарор дорад, зимнан масъаларо дар ҷойи дигар мебинад. Ба назари ӯ, дар элитаи ҳукмрони Душанбе то охир ба хулосае наомада буданд, ки дар интихоботи президентӣ номзади аслиашон кӣ хоҳад буд:

"Шуруъ аз соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводагӣ кардани шакли давлатдории миллии тоҷикон оғоз карду (моҳиятан аз соли 2006 боз хонаводагӣ буд) бо тағйирот ба Қонуни асосӣ дар соли 2016 номзади эҳтимолии №1-и ӯ будани писари калонияш Рустами Эмомалиро ғайримустақим фош кард. Номзади дигар - Озода Раҳмон ҳам буд. Аммо бо амалиёти таъини Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси Маҷлиси Миллӣ дар авҷи ҳамагирии СОVID-19 сарвари хонавода шонси духтари калонияшро барҳам зад. Ба ду-се талоши нокоми мустақиму ғайримустақим, ки якеаш ҳам тавассути Александр Лукашенко буд, нигоҳ накарда, Эмомалӣ Раҳмон Путинро моил ва ҳатто маҷбур кардан дошт барои муаррифии номзад. Вале ҳаводиси Беларус ин омилони нақши интиқоли қудратро аз Душанбе то Маскав шокӣ кард. Ҳама ғофилгир шуданд. Акнун Эмомалӣ Раҳмон бояд қарори басо мушкилро қабул кунад: худаш барои чандум бор президент бишавад, ё писарашро ба гирдоби бозии сиёсии оқибаташ номаълум тела кунад?"

Дар ҳамин ҳол, муаррихи шинохта Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки воқеаҳои Беларус дар маҷмӯъ аз ҷониби Тоҷикистон нодида гирифта мешавад. "Аз ҳамин ҷост, ки он ба маъракаҳои кишвари мо на таъсири манфӣ расонда метавонад ва на мусбат, ҳарчанд миёни ҷомеаҳои ду кишвар шабоҳатҳои зиёд вуҷуд доранд", -- гуфт ӯ ва афзуд: "Лукашенко ба як қатор иштибоҳҳо роҳ дод, аз ҷумла мехост писараш Коляро валиаҳд карда, дар дили Аврупо хонадони салтанатӣ таъсис диҳад. Агар бархе масоили идеологӣ вуҷуд намедошт, шояд дар Ғарб ба ин чашм мепӯшиданд. Аммо аврупоиҳо ба сарнавишти аксар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба шумули Тоҷикистон бетафовут шудаанд. Шояд ба он хотир ки ба ин боваранд: ин кишварҳо роҳ сӯи неофеодализм доранд. Ҳамчунин Президенти Беларус як қатор иштибоҳҳои тактикӣ анҷом дод. Манзурам дар арафаи интихобот қарор гирифтан дар муқобили Русия, ҳабс кардани номзадҳо барои ширкат дар интихоботи президентӣ, иҷозат додани Тихановская барои ширкат дар маърака. Бо ин вуҷуд, агар Лукашенко ба худаш 55-60 фоизи овозҳоро медод, вазъ то ин ҳад муташанниҷ намешуд."

Абдуллоҳи Раҳнамо, мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон назари дигар дорад:

"Талоши истифодаи ҳодисаҳои Беларус барои таъсиргузорӣ ба интихоботи Тоҷикистон, албатта, сурат мегирад. Аммо ин талошҳо таъсири амалии зиёде нахоҳад дошт. Яъне, баъзе доираҳои мухолиф дар хориҷи кишвар, албатта, талош мекунанд, ки аз ҳодисаҳои Беларус истифодаи васеъ намоянд, онро ҳамчун "қиёми мардумӣ" ва "инқилоб" қаламдод карда, дар фазои иттилоотии тоҷикӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Илова бар ин, худи таҷрибаи мухолифини Беларус натанҳо рӯҳия, балки таҷрибаи мухолифини тоҷикро ҳам баланд мекунад. Онҳо талош мекунанд, ки баъзе равишҳои дигари таблиғотиро, ки аз он омӯхтаанд, истифода намоянд. Дар айни замон, ин ҳодисаҳо рафтору эҳтиёту ҳушёрии мақомотро ҳам дар мудирияти вазъият ва раванди интихобот бештар мекунад. Аммо аз назари амалӣ, дар Тоҷикистон ин таблиғот таъсири оммавӣ нахоҳад дошт. Аз як сӯ, номзади асосӣ дар ин интихобот аз эътибору дастгирии васеъ бархӯрдор аст, бинобар ин барои муайян шудани номзади беҳтар ва интихоби беҳтар он барои аксарияти мардум ҳоҷат ба баҳсҳою танишҳои зиёде намемонад. Ва аз ҳама муҳимтар, мардуми Тоҷикистон он ҳодисаҳоро як бор гузаштааст ва бар зидди ин ҳолат "антитела" ё муқовимати дарунӣ дорад. Бинобар ин, хусусан насли калонсол ба ҳеч унвон ба ташаннуҷ ва хусусан нооромӣ розӣ намешавад. Албатта, бо насли ҷавон, ки фоҷеаи ноамнию ҷангро надидаанд, кори бештари маърифатӣ бояд сурат гирад. Дар масъалаи ҷавонон бетаваҷҷӯҳӣ ва худбоварӣ раво нест. Дар умум, фазои интихоботи ором ва худи интихобот осуда мегузарад."

Хабарнигору таҳлилгари тоҷик Иршод Сулаймонӣ низ ба ин назар аст, ки пас аз ҳаводиси Беларус дар сатҳи раҳбарии сиёсии Тоҷикистон паём мегиранд ва шояд ин боис ба баъзе ислоҳот бишавад. "Ҳадди ақал ислоҳоти популистӣ. Шояд баъзе аз гузаштҳои сиёсӣ шавад, ки мо дар интихоботҳои пешин шоҳиди онҳо набудем."

Зимнан, нуктаи калидиро дар маъракаҳои ҳамчунин, ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ бояд дар манофеи геополитикии қудратҳои бозигар дар Тоҷикистон, аз ҷумла Русия ва баъдан Чин ҷӯст.

Дар ҳамин ҳол, шореҳи сиёсии Русия Андрей Захватов зимни суҳбат бо инҷониб мушкили аслиро дар дигар ҷо арзёбӣ намуд ва гуфт, бовар дорад дар интихоботи Тоҷикистон барои ислоҳи он имкон ҳаст: "Коршиносони зиёд дар Русияву Беларус ва дигар кишварҳо ба ин натиҷа расиданд, ки иштибоҳи бузургтарини Лукашенко дар қонуншиканиҳои зиёду ҳамабин ва тақаллуби ошкор дар натиҷаҳои интихобот буд. Аз ин ҳолат маълум буд, ки ӯ дер ё зуд аз қудрат барканор мешавад. Ман мутмаинам, ки аз ин ҳолат ҳамаи раҳбарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон барои худ сабақ мегиранд. Бовар дорам, пеш аз интихобот Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон авзои ҷомеа, гароиши интихоботии мардумро хуб омӯхта, хулосаашонро ба роҳбарияти мамлакат пешниҳод хоҳанд кард. Таври маълум, дар интихоботҳои пешини президентӣ ба Эмомалӣ Раҳмон фоизи фавқулода баланди раъйро эълон мекунанд, ки ин шубҳаи зиёдро дар баргузории интихоботи шаффоф ба вуҷуд меорад."

Аз ҳамин ҷост, ки пешниҳод дорад дар қонунгузории Тоҷикистон вобаста ба интихобот тағйироти ҳуқуқӣ сурат гирад. Пешниҳоде, ки аллакай барои роҳандозиаш дер шуд, чун маъракаи интихобот аз оғози худ дарак дод ва аз бардоштҳои аввал мешавад гуфт, ки гумон аст аз интихоботи пешин фарқи зиёд дошта бошад.

Аммо як пешниҳоди дигари Захватов воқеан ҷои андеша дорад. Ҳадди ақал барои ислоҳоти намоишкорона, ё он тавре Иршод Сулаймонӣ мегӯяд – популистӣ. Ин коршиноси рус мегӯяд, агар аъзои комиссияҳои интихоботии ҳамаи сатҳҳо, 10 дақиқа пеш аз шурӯи интихобот дар пеши Байрақи давлатӣ дар дасташон Конститутсия истода, пешорӯи дурбини шабакаҳои телевизионӣ матни савгандро бихонанду зери он имзо гузоранд, метавонад ба ҷараёни интихобот ва бардоштҳои мардуми дохилу хориҷ таъсиргузор шавад.

Матни савгандро ҳам барои намуна дар чунин шакл пешниҳод дорад: "Ба номи Худо, Конститутсияи Тоҷикистон ва Байрақи давлатӣ қасам мехӯрам, ки овози мардумро аз рӯи виҷдон ҳисоб карда, ба раъйи мардум хиёнат намекунам!"

Чунин таҷриба дар Украина роиҷ будааст. Пас, дар зарурат чаро сари он фикр накунем?

Ё ин ҳам ба ҷараёни интихоботҳои мо асаргузор намешавад?

Албатта, то ҷое хоҳад шуд. Аммо ба шарте ки ба интихобот, ҳамон тавре Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, номзадҳои воқеӣ раҳ ёбанд.

Барои ин бошад, иродаи сиёсӣ лозим...

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG