Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Зеландияи Нав 13 каси дигар ба COVID-19 мубтало шудаанд


Озмоиш аз COVID-19 дар шаҳри Аукланд
Озмоиш аз COVID-19 дар шаҳри Аукланд

Мақомоти Зеландияи нав рӯзи 18-уми август аз 13 мавриди нави сирояти коронавирус гузориш доданд. Дар ин кишвар, ки 100 рӯз ягон мавриди сирояти COVID-19 дар дохил сабт нашуда буд, аммо дар чанд рӯзи ахир беморӣ дигарбора хуруҷ кард. Дувоздаҳ бемор дар манбаи хуруҷ дар шаҳри Аукланд сироят шудаанд.

Дар ин шаҳри бузурги Зеландияи нав маҳдудияти равуо эълон карданд ва дар дигар шаҳру навоҳӣ риояти фосила аз ҳамдигар ҳатмӣ аст. Дар Зеландияи нав то кунун коронавируси нав ба 1631 нафар сироят карда, 22 тани дигарро куштааст.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико иёлати Тексас рӯзи 17-уми август, чаҳорумин иёлат дар Амрико шуд, ки дар он бештар аз 10 ҳазор нафар аз бемории COVID-19 ҷон додаанд. Се иёлати дигар бо чунин талафот Ню Йорк, Ню Ҷерси ва Калифорния ҳастанд.

Дар қораи Осиё, Родриго Дутерте, раиси ҷумҳури Филиппин гуфт, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Манила ва дигар вилоятҳои атрофи онро сабуктар мекунад. Дар ин кишвар 164 ҳазор нафар бемор шуда ва бештар аз 2680 каси дигар ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG