Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави хониш дар Қирғизистон онлайнӣ оғоз мешавад


Kyrgyzstan - school children generic
Kyrgyzstan - school children generic

Дар Қирғизистон соли нави хониш дар шакли онлайнӣ оғоз мешавад. Вазорати маорифи ин кишвар гуфтааст, қарори мазкур ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли моликияташон дахл дорад.

Дар рафти дарсҳо омӯзгорон ва донишомӯзон аз барномаҳои ZOOM, Google classroom, Moodle, WhatsApp, Skype ва китобхонаҳои электронӣ истифода хоҳанд кард.

Вазорат дар бораи санаи бозгашт ба шакли маъмулии дарсҳо чизе нагуфтааст.

Пештар хабар доданд, ки сар аз 1 сентябр танҳо хонандагони синфи 1-ум дар мактабҳои Қирғизистон дарс мехонанд. Синфҳои боқӣ онлайнӣ таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG