Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии камонварони тоҷик ба мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Анталия


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ баъди карантин рӯзҳои 2-4-уми октябри соли 2020 дар Анталияи Туркия баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии Кмитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, бақайдгирии иштироккунандагони мусобиқа рӯзи 17-уми август оғоз гардид. Кумитаи иҷроияи ташкилоти “Камонварии ҷаҳонӣ” (World Archery) қаблан ба далели пандемияи Covid-19 Ҷоми ҷаҳонро барҳам дода буд. Ин чорабинӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Ҷоми ҷаҳон-2021, ки аз се марҳила иборат аст, дар Гватемалла (19-25-уми апрел), Шанхай (17-23-юми май) ва Париж (22-23-юми июн) доир мегардад. Ба ин хотир World Archery иҷозат дод, ки мусобиқаҳои интихобӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 доир карда шаванд. Имтиёзҳои бадастовардаи варзишгарон дар чунин мусобиқаҳо то 1-уми апрел алоҳида ҳисоб карда хоҳад шуд.

“Анталия аввалин шаҳр буд, ки хостгори ташкил ва баргузор кардани мусобиқа шуд. Ин шаҳр омода аст, ки амнияти иштироккунандагонро таъмин кунад. Дар Анталия бояд мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо доир мегашт, вале ба соли оянда гузаронида шуд. Инчунин ин шаҳр омодагиашро барои қабули марҳилаи Ҷоми ҷаҳон-2020 изҳор дошта буд”, - омадааст дар изҳороти World Archery.

World Archery қайд кардааст, барои он ки мусобиқа дар Туркия интихобӣ маҳсуб ёбад, бояд дар он ҳадди ақал намояндагони чор кишвар ширкат намоянд. Ҳангоми таҳияи нақша бартарӣ ба рақобатҳои инфиродӣ дода мешавад.

Бақайдгирии иштироккунандагони мусобиқа аз 17-уми август то 21-уми сентябр идома меёбад. Ҳамаи ширкаткунандагон бояд талаботи ҳифзи саломатиро риоя кунанд.

Зимнан, Тоҷикистон ва Туркия омодагиашонро барои аз сар гирифтани парвозҳои ҳавоӣ дар наздиктарин фурсат иброз намуданд. Ин масъала зимни суҳбати телефонии сарони ҳар ду кишвар санаи 1-уми август баррасӣ шуда буд. Дар сурати ба роҳ мондани парвозҳо варзишгарони тоҷик имкон доранд, ки дар мусобиқаи мазкур ширкат варзанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG