Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Александр Лукашенко гуфт, омода аст, салоҳиятҳояшро тақсим кунад


Александр Лукашенко, ҳангоми суханронӣ дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Минск дар рӯзи 16-уми август.
Александр Лукашенко, ҳангоми суханронӣ дар ҳузури тарафдоронаш дар шаҳри Минск дар рӯзи 16-уми август.

Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфт, ки интихоботи нав баргузор нахоҳад шуд, ҳарчанд ӯ ҳозир аст, салоҳиятҳояшро тақсим ва Қонуни асосиро ислоҳ кунад. Ӯ айни замон афзуд, ки ин корро зери фишори тазоҳургарон нахоҳад кард.

Бино ба гузориши хабаргузории “БелТА”, Лукашенко рӯзи 17-уми август ҳангоми мулоқот бо коргарони корхонаи тракторсозӣ дар Минск гуфтааст: “Ҳеҷ гоҳ аз ман интизор надошта бошед, ки зери фишор коре мекунам. Интихобот намешавад. Чунки на корхонаи тракторсозии МЗКТ, на корхонаҳои МАЗ ва на БЕЛАЗ мемонанд, дар ним сол ҳамаро нобуд мекунем.”

Ба навиштаи хабаргузории “БелТА” Лукашенко гуфтааст, кор сари ислоҳот дар Конститутсия ва тақсими салоҳиятҳо идома дорад, вале ҷузъиёте надодааст.

XS
SM
MD
LG