Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Амрико хостанд, ба кор баргарданд


Ненси Пелоси аз вакилон хост, баргарданд ва барои як санад дар бораи кори Хадамоти Почтаи Амрико раъй диҳанд.
Ненси Пелоси аз вакилон хост, баргарданд ва барои як санад дар бораи кори Хадамоти Почтаи Амрико раъй диҳанд.

Бинобар нигарониҳо аз маблағузорӣ дар Хадамоти Почтаи Амрико ва нақши он дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ дар рӯзи 3-уми ноябр аз вакилони Маҷлиси намояндагон хостанд, ба ҷаласа баргарданд.

Ненси Пелоси, раиси маҷлис ва вакили Ҳизби демократ рӯзи 16-уми август гуфт, дар ҷаласа санадеро барои раъйгирӣ мегузоранд, ки иҷоза намедиҳад, дар Хадамоти Почтаи Амрико тағйирот ва ислоҳоте анҷом дода шавад. Раиси ин хадамот, ки яке аз шарикони наздики Доналд Трамп аст, ислоҳотеро анҷом доданист ва ба эътирозҳо аз тарафи демократҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Ҳизби демократ, ки Маҷлиси намояндагони Амрикоро зери даст дорад, изҳори нигаронӣ кардааст, ки ислоҳот барои эҷод кардани монеа дар раъйдиҳӣ аз тариқи почта аст. Пешбинӣ мешавад, ки бисёриҳо аз бими сирояти коронавируси нав дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар моҳи ноябр ба василаи почта раъй медиҳанд.

Доналд Трамп, ки дар назарсанҷиҳо аз рақибаш Ҷо Байден ақиб мемонад, бо ин гуфта, ки раъйдиҳӣ аз тариқи почта сабаби тақаллубкорӣ мешавад, баҳсу ҷанҷоли зиёде барангехт. Мунтақидони раиси ҷумҳур мегӯянд, Трамп бовар дорад, ки ширкати ками раъйдиҳандагон дар интихобот метавонад, ӯро ба пирӯзӣ бирасонад, аммо раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Амрико гуфт, Трамп саъй надорад, монеи ҳузури васеи мардум дар интихобот шавад.

Луи Деҷой, раиси нави Хадамоти Почтаи Амрико гуфтааст, ки ислоҳоти пешбиникардааш дар хадамот барои сарфаҷӯӣ ва босамар кардани кор аст. Ненси Пелоси гуфтааст, амалкардҳои ӯ мумкин аст, амрикоиҳоро аз ҳаққи раъйдиҳӣ ба василаи фиристодани баргаи раъй аз тариқи почта маҳрум кунад.

XS
SM
MD
LG