Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская мегӯяд, омода аст, раҳбарии Беларусро бар дӯш бигирад


Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ мардуми зиёдеро ба тарафи худ ҷалб кард.
Светлана Тихановская дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ мардуми зиёдеро ба тарафи худ ҷалб кард.

Светлана Тихановская, сиёсатмадори мухолифи давлати Беларус мегӯяд, омодаи раҳбарии кишвараш аст ва хост, чаҳорчӯби нави қонунӣ барои баргузории интихоботи нави одилона таҳия шавад.

Тихановская, дар як муроҷиати видеоӣ, ки рӯзи 16-уми август дар Ютуб нашр шуд, гуфт: “Ман омодаам, масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш бигирам, то кишвар ором шавад ва ба зиндагии маъмулӣ баргардад.” Ӯ афзуд, ки агар афсарони ниҳодҳои амниятӣ ва пулис аз ҳукумати президент Лукашенко рӯ гардонанд, рафтори гузаштаи онҳоро мебахшад.

Тихановская пас аз интихоботи рӯзи 9-уми август ба Литва гурехт. Бо вуҷуди онки ӯ дар маъракаҳои пешазинтихоботи мардуми зиёдеро ба тарафи худ кашид, Кумиссиёни марказии интихоботи Беларус гуфт, ки дар ин корзори сиёсӣ Александр Лукашенко бо касби 80 дар сади раъйи мардум пирӯз шудааст.

Рӯзи 16-уми август дар шаҳри Минск даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи ба гуфтаи онҳо тақаллубӣ эътироз карданд. Лукашенко, ки 26 сол боз дар Беларус ҳукумат мекунад, зери фишори афзоянда қарор гирифтааст, то аз мақомаш биравад.

XS
SM
MD
LG