Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полковники муттаҳам баъди раҳоӣ сардори идораи амният таъйин шудааст


Полковник Таймураз Олимов, ки охири соли 2019 аз зиндон озод шуда буд, сардори Идораи амнияти давлатии вилояти Қашқадарёи Узбекистон таъйин гардидааст.

Дар ин бора се манбаи наздик ба ҳукумати Узбекистон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд. Яке аз онҳо 13-уми август гуфт, Таймураз Олимовро дар ҷаласаи маъмурияти вилояти Қашқадарё дидааст.

Манбаи дигар мегӯяд, ному насаби Олимовро дар қарори раиси вилояти Қашқадарё хондааст, ки ба ҳайси сардори Идораи амнияти давлатии вилоят зикр шуда буд.

Дар Додситонии кулли Узбекистон хабари аз зиндон озод шудани Олимов ва таъйин гаштанашро ба мақоми сардори Идораи амнияти Қашқадарё шарҳ надоданд. "Ин масъала дар салоҳияти Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон аст. Бинобар ин, бояд ба он ниҳод муроҷиат кард", - гуфтанд дар хадамоти матбуотии Додситонии кул.

Талошҳои бахши узбекии Радиои Озодӣ барои тамос бо дафтари матбуотии хадамоти амният бенатиҷа буданд.

Таймураз Олимови 44-сола 26-уми феврали соли 2018 боздошт шуда буд. Ба зидди ӯ, ки он замон ба ҳайси муовини сардори Идораи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон кор мекард, бо гуноҳи "куштори барқасдона", "суистифода аз мақом ё беамалӣ" ва "ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахси бегуноҳ" айб эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG