Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар қатли корманди Додгоҳи олии Узбекистон як табиб гумонбар аст


Дар робита ба куштори як сокини шаҳри Тошканд, ки ҷасадашро аз дохили ҷузвдон пайдо карда буданд, табибе боздошт шудааст.

Пулиси Тошканд қаблан хабар дод, ки дар ноҳияи Қибрай ҷасади марди соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Яккасаройро аз дохили ҷузвдон пайдо кардаанд. Тавре дертар маълум шуд, ин мард ба ҳайси сардори шуъбаи хоҷагии Додгоҳи олии Узбекистон кор мекардааст.

Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки роҷеъ ба куштори корманди Додгоҳи олии ин кишвар ду нафар дастгир шудааст.

Бино ба хабарҳо, корманди Додгоҳи олӣ 7 август ба назди шиносаш Р.Х, ки ба ҳайси табиб дар Маркази ҷумҳуриявии ёрии таъҷилии Тошканд кор мекард, рафтааст. Табиб аз ин фурсат истифода бурда, ӯро ба утоқи холие мебарад ва бо ашёе ба сараш зада, ба қатл мерасонад.

Барои пинҳон кардани осори ҷиноят ҷасадро дар дохили ҷузвдон андохта, як шиноси табиб (сокини шаҳри Тошканд, муваққатан бекор) онро ба назди дарёи Бозсуи Қибрай бурдааст.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотии Узбекистон, эҳтимол меравад, табиб сокини Яккасаройро дар натиҷаи рашк ба қатл расонда бошад.

Табиб бо гумони куштор дастгир шуда, дар боздоштгоҳ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG