Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми президенти пешини Қирғизистонро бетағйир гузошт


Алмосбек Отамбоев

Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми 11 соли зиндони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани ҷинояткори бонуфуз Азиз Ботукаев бетағйир гузошт.

Вакили дифои Отамбоев Сергей Слесарев дар ин бора хабар дод. Отамбоевро Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек барои аз зиндон озод кардани Азиз Ботукаев дар соли 2013 ба 11 солу ду моҳи зиндон маҳкум кард. Додситонҳо барои ӯ 15 соли ҳабс талаб карда буданд.

Отамбоеви 63-сола ҳама гуна қонуншиканиҳоро рад кардааст. Ӯ августи порсол баъди як муқовимати мусаллаҳонаи дурӯза бо пулис, таслим шуд. Ин аввалин бор дар таърихи Қирғизистони соҳибистиқлол аст, ки собиқ раҳбари давлат дар мурофиаи судӣ ширкат ва ба зиндон маҳкум шавад. Отамбоев аз ҷоизаҳои давлатии мисли ордени “Данакер”, “Манас”, “Ланк” ва соати хусусии президентӣ маҳрум мешавад.

Додгоҳ инчунин ба мусодираи моликияти собиқ президент ва хешовандонаш амр дод. Дар феҳристи моликияти марбут ба Отамбоев ва наздиконаш панҷ мошин, хонаҳо дар вилоятҳои Чуй ва Иссиқкӯл, қитъаҳои замин – ҷамъан даҳ адад мусодира хоҳад шуд. Инчунин дар ин феҳрист исми ширкатҳои "Медиа Форум", "Форум", "Автомаш-Энерго" ва "Апрел ТВ" зикр мешаванд. Маълум нест, ки Отамбоев аз болои ин ҳукм шикоят хоҳад кард ё на.

Азиз Ботукаев як марди чечентабори шаҳрванди Қирғизистон соли 1966 дар шаҳри Токмаки вилояти Чуй таваллуд шудааст. Исми ӯ дар фазои ҷиноӣ бори аввал солҳои 1990-ум садо дод. Соли 2006 ӯро ба 16 солу 8 моҳ бо мусодираи молумулк маҳкум карданд. Ӯ дар куштор, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳияи силоҳ ва ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ гунаҳгор шуд. Мӯҳлати зиндонаш бояд соли 2021 хотима меёфт.

Соли 2013 ӯ пеш аз мӯҳлат аз зиндоне дар Норин озод гардид. Сабаби раҳоии пеш аз мӯҳлаташ “бемории табобтанашаванда” навишта шуд ва ӯро дар иҳотаи афроди махсус ба Бишкек интиқол доданду аз он ҷо ҳамон замон ба шаҳри Грознии Чеченистон парвоз кард. Соли 2019 вазорати умури дохилӣ таҳқиқи парвандаро аз сар гирифт ва октябри порсол онро ба додгоҳ фиристод.

Ҷудо аз ин парванда Алмосбек Отамбоев ва беш аз даҳ тарафдори ӯ аз рӯи ҳодисаҳои Койташ ба куштор, сӯиқасд ба куштор, гаравгонгирӣ, бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва дигар иттиҳомот гунаҳгор мешаванд.

XS
SM
MD
LG