Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон дар чӣ шароите оғоз меёбад?ВИДЕО


Ишораи риояи масофа дар роҳрав, гӯшаи маводҳои беҳдоштӣ дар синфхонаҳо ва дур аз ҳамдигар нишастани хонандагон дар утоқҳои дарсӣ, аз бахшҳои асосии омодагии мактабҳои пойтахт ба соли нави таҳсил аст.

Пандемияи коронавирус шеваи қабули муҳасcилинро тағйир дода, масъулияти омӯзгорон ва раҳбарони муассисаҳои таълимиро бештар кардааст. Аммо бархеи дигар мегӯянд, вазъ миёни мактабҳои шаҳру деҳа фарқ дорад. Вазорати маориф ва илм гуфт, дастури риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҳатмӣ аст.

Азизбек Боронов, мудири мактаби рақами 8-и шаҳри Душанбе рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои сиҳатии омӯзгорону хонандагон чораҳои ҷиддии беҳдоштиро роҳандозӣ кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, мактаб бо маводҳои антисептикиву ниқоб таъмин шуда, барои риояи фосилаи ҷисмонӣ дар роҳравҳои васеъ мизу курсӣ гузошта шудааст.

Вай гуфт, "мо алакай се дастгоҳи ҳароратсанҷ харидорӣ кардем, ки пеш аз ба дарс шурӯъ кардани мактаббачаҳо, ҳарорати онҳо санҷида мешавад. Нуқтаи тиббӣ бо дорувории зарурӣ таъмин шудааст. Хонандагон барои риояи фосила ба таври шоҳмот менишинанд. Аз волидон хоҳиш кардем, ки фарзандонашонро бо ниқоб ба мактаб фиристанд".

Дар ин муассиса беш аз се ҳазор хонанда таҳсил мекунанд ва аз ин хотир риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи пандемияи коронавирус аз тарафи омӯзгорону волидон муҳим арзёбӣ мешавад.

Масъулини муассисаҳои таълимӣ мегӯянд, бар асоси тартиби муаяйншуда, ҳамчунин барои пешгирӣ аз ҳамагуна беморӣ вуруди волидайн низ ба дохили мактаб иҷозат дода намешавад. Ба волидони хонандагон низ таъкид шудааст, ки барои сиҳатии фарзандонашон бо мактабу омӯзгорон ҳамкорӣ кунанд.

Соли нави таҳсил дар Тоҷикистон дар чӣ шароите оғоз меёбад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Саида, як сокини пойтахт, ки писари мактабхон дорад, гуфт, аз сӯи маъмурияти мактаб таъкид шудааст, ки фарзандашро бо салфеткаи намнок, маводи антисептикӣ ва ниқоб ба дарс фиристад. "Албатта ин хуб аст, мо ҳам умедворем, ки дар мактаб низ ба сиҳатии хонандагон ҷиддӣ муносибат мешавад",-афзуд ӯ.

Дастикам дар се мактаби пойтахт бо чунин шароит ба қабули хонандагон омода буданд. Аммо огоҳон мегӯянд, омодагии мактабҳои дар пойтахт аз муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳо тафовут дорад. Як ҳамсӯҳбати мо дар яке аз мактабҳои вилояти Хатлон гуфт, муассисаҳои таълимии пойтахт аз имкониятҳои беҳтар бархӯрдоранд.

"Дар пойтахт ё маркази шаҳру ноҳияҳо зиндагии мардум фарқ мекунад. Аз тарафи дигар, дар деҳот на ҳама хонаводаҳо метавонанд фарзандонашонро бо маводҳои антисептикӣ таъмин кунанд. Мактабҳо ҳам ҳамин тавр аст, шаҳр аз деҳа фарқ дорад",-афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

Аммо Соҳибназар Сафаров, муовини сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мактабҳо барои қабули хонандагон дар шароити нав омода ҳастанд ва риояи қоидаҳои нав, аз ҷумла фосилаи ҷисмонӣ, имконпазир ҳаст ва тавсияҳо ба тамоми масъулин ва омӯзгорон ирсол шудааст.

"Мактабҳо пеш аз ҳама бояд бо маҳлулҳои беҳдоштӣ ва собун таъмин шаванд ва оби тоза дошта бошанд. Фосилаи ҷисмонӣ риоя карда шавад".

Дар тартиби нави соли нави таҳсил аз сӯи вазорати маориф ва илм гуфта шудааст, ки машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имкон берун аз синфхонаҳо ҷараён гирад ва бештар толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад.

Имсол хонандагон на 1-уми сентябр, балки 17-уми август ба соли нави таҳсил шурӯъ мекунанд. Мақомоти Тоҷикистон аз 27-уми апрели имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19, хонандагони мактабҳоро то моҳи август ба таътил фиристоданд. Ба масъулони мактабҳо дастур шуд, ки баҳои хониши солонаи онҳоро аз рӯйи имтиёзи се чаҳоряки таҳсил гузоранд.

Тибқи омори расмӣ, ҳоло дар кишвар ҳудуди чор ҳазор мактаб вуҷуд дорад, ки дар онҳо бештар аз 1,97 млн. хонанда таҳсил мекунад Бо вуҷуди ин, ки мактабҳо аз омодагии худ бо риояи коидаҳои беҳдоштӣ дар замони пандемияи коронавирус хабар медиҳанд, аммо ҳанӯз ҳам нигаронии ҳазорҳо падару модаре, ки фарзандонашон ба мактаб мераванд, боқӣ мемонад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG