Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои Тоҷикистон ба пешбарии номзадҳо ба интихобот омода мешаванд


Акс аз бойгонӣ.

То замони баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон камтар аз ду моҳи дигар мондааст. Ҳамакнун шуморе аз аҳзоби сиёсӣ замони баргузории анҷуманҳои худро таъйин кардаанд ва бархе дигар мегӯянд, рӯзҳои наздик дар ин бора тасмим хоҳанд гирифт.

Тибқи қонунгузорӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонон ҳаққи пешбарии номзадро доранд.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон замони баргузории анҷуманашро ба рӯзи шанбеи 15-уми август таъйин кардааст. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, анҷумани ин ҳизб рӯзи 22-юми август баргузор мешавад.

Масъулини Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтанд, замони баргузории анҷуманҳояшон таъйин нашудааст ва рӯзҳои наздик эълон хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулини Ҳизби коммунист, анҷумани ин ҳизб ба эҳтимоли зиёд дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр баргузор мешавад. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мегӯяд, ки ҳанӯз санаи баргузории анҷумани ин ҳизб маълум нест ва дар назар аст, ки моҳи сентябр доир шавад.

Бархе намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ин суол, ки оё қасди пешбарии номзад барои ширкат дар интихоботи президентиро доранд, гуфтанд, "чунин тасмим дар анҷуманҳои аҳзоб гирифта хоҳад шуд".

Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи шашуми август қарор қабул кард, ки интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор шавад. Ин муҳлат як моҳ пеш аз замони интихоботҳои гузашта аст. Ҳар дафъа интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон моҳи ноябр баргузор мешуд.

Дар вокуниш ба ин, Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, ки қарори Маҷлиси Олӣ дар бораи таъйини санаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, таъйини интихобот ба рӯзи 11-уми октябр, "яъне як моҳ қабл аз анҷоми муҳлати ваколати президент ғайриқонунӣ аст, чун ҳамаи қонунгузориҳои интихоботиро ақиб меандозад".

Аммо вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласи рӯзи 6-уми август гуфтаанд, ки ҳавои муносибтар дар моҳи октябр ва пешгирӣ аз хатари сирояти коронавируси нав, ки бемории COVID-19-ро бармеангезад, аз сабабҳои пеш аз анҷоми ваколатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таъйин кардани санаи интихобот аст.

Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Президенти Тоҷикистон дар ҳафт сол як дафъа интихоб мешавад ва як нафар ҳақ надорад беш аз ду дафъа номзадияшро бигузорад. Аммо дар давоми наздик ба 28 соли роҳбарии президент Раҳмон чанд дафъа қонуни интихобот тағйир кард ва ба ӯ имкон дод, ки бе маҳдудият дар интихоботҳо номзад шавад.

Мақомоти Тоҷикистон ва нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил он замон интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ карданд.

Аммо нозирони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамвора гуфтаанд, ки ҳеч яке аз интихоботҳо дар Тоҷикистон шаффофу одилона ва тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ нагузаштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (24)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG