Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молики расонаҳо дар Ҳонгконг ба "ҳамкорӣ бо хориҷиҳо" муттаҳам шуд


Ҷимми Лай
Ҷимми Лай

Ҷимми Лай, молики расонаҳоро дар Ҳонгконг, рӯзи 10-уми август бар асоси қонуни нави амниятӣ, ки аз тарафи Чин қабул шуд, дастгир карданд. Боздошти ӯ эътирози Созмони Милали Муттаҳид ва мудофеони озодии баёнро ба бор овард.

Бино ба қонуни нави амниятӣ, ки Пекин дар ин шаҳр аз 30-юми июн ҷорӣ кард, Лай "ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷӣ" муттаҳам шуд. Полис ҳамчунон идораи марказии нашрияи ӯро кофтукоб кард.

Лайи 71-сола, молики нашрияи машҳури Apple Daily, яке аз фаъолони барҷастаи демократия ва аз мунтақидони ашаддии Пекин буд.

Боздошти Лай дар пасманзари саркӯби нерӯҳои мухолифони демократихоҳ аз сӯи Пекин нигарониҳоро дар мавриди озодии матбуот ва дигар ҳуқуқу озодиҳо бештар мекунад. Замоне ки Ҳонгконг соли 1997 аз мустамликаи Бритониё ба ихтиёри Пекин гузашт, ин ҳуқуқу озодиҳо кафолат дода шуда буд.

Идораи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз боздошти Ҷимми Лай шадидан ибрози нигаронӣ карда, аз мақомот тақозо кард, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, аз қонуни нав сӯистифода накунанд.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Ню- Йорк, ин боздоштро танқид кард.

Қонуни нав фаъолияти вайронгарона, терроризм ва ҳамкорӣ бо нерӯҳои хориҷиро манъ карда, ҳадди ақал даҳ соли зиндон ва ё дар баъзе ҳолатҳо ҳабси якумриро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG