Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як соҳибкори чинӣ баъди рафтан аз Тоҷикистон "бемор шудааст"


Дар бадани як соҳибкори чинӣ, ки аз Тоҷикистон ба музофоти Ҳубей баргаштааст, бемории COVID-19-ро ошкор кардаанд. Расонаҳои Чин рӯзи 7-уми август навиштанд, беморӣ баъд аз як рӯзи будани ӯ дар "карантин" маълум шуд. Вагарна, ба иттилои Кумисюни тандурустии музофоти Ҳубэй, соҳибкор пеш аз сафар аз ташхис гузашта буд ва ҳеч беморӣ надошт. Ин соҳибкори чинӣ ҳамроҳи 90 нафари дигар рӯзи 6-уми август дар як парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймое аз Тоҷикистон ба Чин рафтааст. Тибқи муқаррароти беҳдоштӣ онҳо ду ҳафта дар "карантин" хоҳанд буд. Бемории коронавируси нав охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор шуд ва то кунун дар ҷаҳон зиёда аз 19 миллион нафарро бемор кард ва боис ба марги беш аз 728 ҳазор нафар шуд. Тақрибан 12 миллион кас шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG