Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

400 ҷангҷӯйи дигари Толибонро озод мекунанд


Лоя Ҷирга се рӯз баргузор шуд
Лоя Ҷирга се рӯз баргузор шуд

Лоя Ҷиргаи Афғонистон бо судури қатънома раҳоии 400 зиндонии Толибонро тасдиқ кард. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 9-уми август гуфт, қарори Лоя Ҷиргаро "ҳамчун бахши охири табодули зиндониён ва ҳамвор кардани роҳ барои музокироти байнулафғонӣ" мепазирад. Аксари ин афрод ба ҳамлаҳои маргбор ба афғонҳо ва хориҷиён гунаҳкор ҳастанд.

Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд, ҳукумати Афғонистон муваззаф шуд, 5 ҳазор зиндонии Толибонро озод кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Лоя Ҷирга гуфт, қатъномаи 9-уми август монеаи боқимондаро барои шурӯи музокироти байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон бардоштааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон, мегӯяд, интизор дорад баъд аз ду ё се рӯзи озодии зиндониён, як ҳайат музокиротро бо Толибон оғоз кунад. Қарор аст, Маъсум Станакзай, раиси собиқи идораи амнияти миллӣ, раҳбари ҳайати Афғонистон шавад.

Ин ҳайат шомили сиёсатмадорони афғон, мақомоти пешин ва намояндагони ҷомеаи маданӣ хоҳад буд. Кобул пештар гуфта буд, панҷ узви ҳайат занон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG