Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни таркиши Бейрут ба беш аз 135 тан расид


Дар пойтати Лубнон, шаҳри Бейрут баъди таркиши азим дар бандар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.

Бино ба иттилои ахир, на камтар аз 135 кас кушта ва наздики 5 ҳазори дигар маҷруҳ шудаанд. 250 ҳазор сокин бе сарпаноҳ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол дорад, шумори қурбониён афзоиш ёбад. Баъди таркиш даҳҳо тан бе ному нишон шудааст. Наҷотдиҳандагон онҳоро дар зери оворҳо ҷустуҷӯ доранд.

Таркиш дар бандари Бейрут 4 август сурат гирифт. Зиёни ин таркиш миллиардҳо доллар баровард мешавад.

Мақомоти он кишвар гуфтанд, таҳқиқоти таркиш дар Бейрут шаффоф ва 5 рӯз давом мекунад. Ба гуфтаи мақомот, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

Муфаттишон ба тафтиши ҷои ҳодиса шуруъ кардаанд. Расонаҳо навиштанд, ки кӯмакҳои башарӣ вориди Лубнон мешаванд.

Дар натиҷаи таркиш анбори ғалладона зиён дидааст. 85 дарсади ғаллаи шаҳр дар анборҳои наздики таркиш нигаҳдорӣ мешуд.

Гуфта мешавад, тақрибан 2700 тонна доруи минералӣ дар пойтахти Лубнон таркидааст. Ҳасан Диёб, нахуствазири Лубнон гуфт, баъди мусодираи нитрати аммоний дар соли 2014 онро дар як анборе нигаҳ доштаанд ва меъёрҳои амниятиро риоят накардаанд.

Бино ба гузоришҳо, миқдори зиёди нитрати аммонийро, ки рӯзи 4-уми август дар Бейрут таркид, солҳо пеш аз киштии Игор Гречушкин, як тоҷири рус мусодира карда буданд.

XS
SM
MD
LG