Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев қоидаҳои сахти қабули муҳоҷиронро пешниҳод кард.ВИДЕО


Дмитрий Медведев.
Дмитрий Медведев.

Сарвазири пешин ва муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев даъват кард, ки тартиби вуруди муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар бозбинӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, ба муҳоҷирон бояд танҳо баъди аз пешниҳоди қарордоди корӣ бо корфармо иҷозаи вуруд ба Русия дода шавад.

Медведев ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Русия гуфт, то 40 дарсади муҳоҷирони кории хориҷӣ дар натиҷаи ҳамагир шудани коронавирус ҷойи кори худро аз даст додаанд ва ҳоло дар як вазъи сахти иқтисодӣ дар кишвараш қарор доранд. Ба назари ӯ, ин падида ба афзоиши ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар Русия мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, Медведев пешниҳод кард, ки тартиботи вуруди муҳоҷирони корӣ ба Русия ба монанди кишварҳои арабӣ бозбинӣ шавад. Барои намуна, хориҷиҳо танҳо баъд аз пешниҳоди қарордоди корӣ бо корфармо иҷозати вуруд ба Русияро дарёфт кунанд.

"Дар кишварҳои арабӣ қарори дигаре низ ҳаст, ки масъулияти тамоми амалҳои коргари хориҷиро бар зиммаи корфармо мегузорад. Ин чораи сахт аст, вале бояд онро омӯхт", -- афзуд муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.

Вале коршиносоне, ки бо ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон машғул ҳастанд, аз пешниҳоди Медведев ҷонибдорӣ намекунанд. Онҳо мегӯянд, бар асоси омори Вазорати корҳои дохилии Русия сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар давраи коронавирус назар ба соли гузашта поин рафта, нигаронии Медведев асос надорад.

Ҳамчунин барномае, ки Медведев пешниҳод кардааст, аллакай дар Русия амал мекард, вале комёб нашуд. Соли 2017 миёни Русия ва Узбекистон қарордод дар бораи "интихоби кадрҳо" имзо шуд.

Дар доираи ин барнома корфармо бояд пешакӣ бо муҳоҷир қарордоди корӣ имзо кунад, то дар оянда ҳуқуқҳояш ҳимоят шаванд. Давоми се сол тавассути ин барнома танҳо 10 ҳазор нафар барои кор ба Русия рафтааст.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Медведев гуфт, ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон зиёд шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқ розӣ нестанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:44 0:00

XS
SM
MD
LG