Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луя Ҷирга сарнавишти Толибони зиндониро баррасӣ мекунад


Луя Ҷирга қабиласолорон ва шахсиятҳои шинохтаи Афғонистонро дар бар мегирад. Ҷаласаи моҳи майи соли 2019
Луя Ҷирга қабиласолорон ва шахсиятҳои шинохтаи Афғонистонро дар бар мегирад. Ҷаласаи моҳи майи соли 2019

Ҳукумати Афғонистон ҷаласаи Луя Ҷирга, шӯрои қабиласолоронеро даъват кард, ки бояд сарнавишти садҳо зиндонии Толиберо баррасӣ кунанд, ки раҳбаронашон мехоҳанд, пеш аз оғози музокироти сулҳ озод карда шаванд. Ҷаласа рӯзи 7-уми август сурат мегирад.

Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта амр дод, ки 500 зиндонии Толибон ба нишонаи ҳусни ният озод карда шаванд. Толибон қабл аз Иди Қурбон барои се рӯз оташбас эълон карданд ва ҳукумат ба он розӣ шуд. Оташбас рӯзи 31-уми июл ба иҷро даромад.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 31-уми июл зимни суханроние дар телевизион гуфт, ки ҳукумат 4600 зиндониёни Толибро раҳо кардааст. Бар асоси созиши Амрикову Толибон, ки моҳи феврал имзо шуд, ҳукумат бояд 5 000 Толибро аз зиндонҳо озод кунанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, ки бар асоси Қонуни Асосӣ ҳукумат ҳақ надорад, 400 Толиби боқимондаро озод кунад, чун онҳо барои ҷиноятҳои ҷиддие паси панҷара рафтаанд. Ӯ гуфт, ки барои таъйини сарнавишти ин гуруҳи зиндониён ҷаласаи Луя Ҷиргаро даъват мекунад. Толибон мегӯянд, бар асоси аҳди додаашон ба Амрико ҳамаи 1000 корманди ҳукуматиро, ки дар асорат доштанд, озод кардаанд.

XS
SM
MD
LG