Дар натиҷаи ҳамлаи террористии гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Ҷалолобод, дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 2-юми август дар вилояти Нангарҳор ба вуқуъ пайваст.
Ҷангҷӯён дар ин рӯз мошини бомбгузоришудаеро дар назди зиндон дар шаҳри Ҷалолобод тарконданд ва сипас бо маъмурони амниятӣ ҷангро оғоз карданд. Ҷанг чанд соат ва то шаби 3-юми август идома кардааст.
Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ се ҷангҷӯро нобуд кардаанд ва айни замон ҷустӯҷуи ҷангҷӯёни боқимонда ва поксозии минтақа аз ҳузури онҳо идома дорад. Ба иттилои ӯ, дар ин ҳамла 21 нафар аз афроди мулкиву низомиён ва зиндониён кушта шуда, 43 кас маҷруҳ шудаанд.
Ба қавли мақомоти расмӣ, аз 50 то 100 нафар зиндониён гурехтаанд, вале бисёре аз онҳоро дастгир кардаанд.
Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти хабаргузориаш бо номи "Аъмоқ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.
Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки маъмурони амниятии Афғонистон гуфтанд, ки яке аз раҳбарони ДОИШ дар Нангарҳорро куштанд.