Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонов ба табибони Узбекистон даҳ миллион доллар ҷоиза медиҳад


Алишер Усмонов
Алишер Усмонов

Миллиардери машҳури узбектабор Алишер Усмонов барои пизишкони Узбекистон даҳ миллион доллар ҷоиза тақдим мекунад. Дар ин бора бахши узбекии Радиои Озодӣ бо такя ба оҷонси давлатии UZA.uz. хабар дод.

Бино ба ин гузориш, аз буҷаи давлатии Узбекистон ҳам 10 миллиони дигар ҳамчун мукофотпулӣ ба духтурон ҷудо шудааст. Пизишкон ва кормандони дигари соҳаи тиб, ки то якуми июн дар муассисаҳои тандурустии Узбекистон ба кор қабул шудаанд ва барои муолиҷаи гирифторони коронавирус талош кардаанд, аз 400 то 500 доллар ҷоизаи якдафъаина мегиранд.

Қаблан пизишкони Узбекистон аз он шикоят мекарданд, ки то ҳанӯз мукофотпулии ваъдагии ҳукуматро нагирифтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Узбекистон 22 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 130 нафар фавтидаанд. Вале бино ба омори ғайрирасмӣ шумори қурбониёну гирифторони коронавирус аз ин бештар аст. Моҳи июл ҳукумати ин кишвар ба далели афзоиши беморон дигарбора маҳдудият ҷорӣ кард.

Алишер Усмонов, ки дар ноҳияи Чӯйи вилояти Намангони Узбекистон ба дунё омадааст, яке аз шахсони сарватмандтарин дар Русия ва Бритониё шумурда мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 13,4 миллиард доллар арзёбӣ карда буд.

Усмонов пештар низ ба хонаводаҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобаи Узбекистон беш аз 15 миллион доллар кумак карда буд. Моҳи июни имсол Бунёди ӯ ба беш аз 300 ҳазор хонаводаи камбизоат дар Узбекистон кумак расонд.

Дар оғози соли 2018 Вазорати молияи Амрико нисбат ба миллиардери узбектабор таҳрими иқтисоди ҷорӣ кард. Ӯро яке аз олигарҳои бонуфузу таъсиргузор ва хеле наздик ба Кремл медонанд.

XS
SM
MD
LG